Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018, №484 ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237 тасдиқ шудааст, тағйирот ворид карда шуда, соли таҳсил барои зинаи таҳсилоти умумӣ ба 4 чоряк тақсим гардид.
Пас аз ҷамъбасти ҳар чоряк хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таътил мебароянд. Аз ҷумла, чоряки якуми соли таҳсили 2019-2020 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати 10 рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Таътили тирамоҳӣ рӯзҳои 1-10 ноябр муқаррар шуда, он танҳо ба хонандагон дахл дорад. Омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ машғул мешаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани малакаи китобхонӣ, инкишоф додани тафаккури мантиқӣ, қобилияти навоварӣ, тафаккури зеҳнию эҷодӣ ва ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ба китобхонӣ фармоиши вазири маорифи маориф ва илм аз 19.09.2019, №9535 ба тасвиб расид. Он хонандагонро муваззаф менамояд, ки дар таътилҳои тирамоҳӣ, зимистонӣ, баҳорӣ ва тобистонӣ китобҳои бадеӣ мутолиа карда, аз эҷодиёти шоирон (мувофиқи барномаҳои таълимӣ) то 20 мисраъ шеър ё порчаи назмӣ аз ёд намоянд.
Инчунин, рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ барои хониши беруназсинфии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (барои ҳар синф алоҳида) бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 05.10.2019, №14/5 тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гардонида шуд.
Дар таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохи-лимактабӣ гузаронида шуда, ғолибон ба даври дуюм (ноҳиявӣ ё шаҳрӣ) роҳхат дода мешаванд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, ҳафтаи адибон ва таҷлили 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҷалб намояд.
Зиёратшоҳ Назруллозода,
муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр