Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгорон мақола нависанд ё нанависанд?

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Вақтҳои охир дар васоити ахбори омма ва саҳифаҳои иҷтимоӣ дар мавриди аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва навиштани мақолаҳои методӣ аз тарафи омӯзгорон басҳоро ба миён омадааст.

Масалан, Гулсифат Юнусова - омӯзгори нафақахӯр дар нашрияи «Тоҷикистон» дар навиштаи «Омӯзгор вазифааш навиштани мақола аст ё тарбияи хонандагон?» (16 октябри соли 2019, №42 (1345) овардааст:  Ҳангоме ки ӯ (омӯзгор) аз аттестатсия мегузарад ва ӯро барои мақола надоштанаш аз аттестатсия мегардонанд ё аттестатсияашро хат мезананд, ӯ шикаста мегардад, дилгармии худро нисбат ба кораш гум мекунад.»              

Вобаста ба баҳси навиштани мақола аз тарафи омӯзгорон ҳангоми аттестатсия аз номи мутахассисони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтем, ки вобаста ба Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017,№281 тасдиқ гардидааст, чанд тавзеҳ пешниҳод намоем.

Тибқи банди 5-и тартиби мазкур, аттестатсияи кормандони соҳаи маориф дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад. Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ки пеш аз муҳлати муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад, ки он ҳам тибқи ҳамин тартиб гузаронида мешавад.

Тибқи банди 6-и тартиби мазкур, роҳбарону омӯзгорон ва дигар мутахассисони муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки баъди ду соли аттестатсия, пеш аз муҳлати муқарраргардида, аз аттестатсия гузаранд.

Боиси таассуф аст, ки бархе аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тартиби мазкурро риоя накарда, барои омӯзгорон мушкилот ба миён меоранд. Аз ҷумла, дар масъалаи аз як муассиса ба муассисаи дигари таълимӣ ба кор гузаштани омӯзгорон. Тибқи банди 7-и тартиби мазкур дар сурати аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигари таълимӣ ба кор гузаштани кормандони соҳаи маориф ё ба минтақаи дигари ҷумҳурӣ кӯчидан дараҷаи тахассусӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнати ӯ, ки қаблан дар ҷойи пештара муайян шудааст, то аттестатсияи навбатӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи банди 9-и тартиби мазкур мутахассисоне, ки дорои ихтисоси омӯзгорӣ нестанд, вале дар муассисаҳои таълимӣ ба касби омӯзгорӣ ҷалб карда шудаанд ва аз рӯи фанни муайян (таълимӣ) собиқаи кории на камтар аз панҷ сол доранд ва инчунин, нафароне, ки аз курси такмили ихтисос гузаштаанд, аз аттестатсияи навбатӣ мегузаранд.

Масъалае, ки омӯзгорон онро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма расонаӣ намудаанд, навиштани мақола аз ҷониби омӯзгорон мебошад. Гап дар бораи мақолаҳои методӣ меравад, на нашри мақолаҳо дар нашрияҳои даврӣ аз тарафи омӯзгорон дар мавзӯоти гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Аз тарафи дигар, аксари омӯзгорон имкони навиштани мақолаҳои методиро надоранд ва барои маҷаллаҳои соҳавии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нашри мақолаҳои методии тамоми омӯзгорони ҷумҳурӣ имконпазир нест.

Яъне, ҳайати комиссияҳои аттестатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳангоми пешниҳоди тавсифномаи омӯзгор талаботи банди 23-и тартиби мазкурро сарфи назар менамоянд ва ё тартиби мазкурро ба омӯзгорон тавзеҳи дуруст намедиҳанд. Сухан дар бораи тавсифномаи омӯзгор ҳангоми пешниҳод намудан ба аттестатсия ва навиштан ва ё доштани мақолаҳои методӣ меравад. Ин маънои онро надорад, ки омӯзгор барои надоштани мақолаи методӣ ба аттестатсия роҳ дода намешавад.

Тибқи талаботи банди 23-и тартиби мазкур, дар тавсифнома масъалаҳои зерини фаъолияти корманд нишон дода мешавад:

- сатҳи донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳаи маорифро ба танзим медароранд ва риояи онҳо;

-татбиқи донишу таҷриба дар вазифаи ишғолнамуда, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташабускорӣ (маърӯза дар конф-ронсу семинарҳо, мақолаҳои методӣ, иштироки шогирдон дар олимпиадаҳо);

-иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ;

- худтакмилдиҳӣ ва татбиқи технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ;

-дигар хусусияти хоси корманди соҳаи маориф (донистани забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос, фаъолияти ҷамъиятӣ ва ғайра).

Фаъолияти корманди соҳаи маориф ҳангоми аттестатсия аз рӯи ҳамин панҷ меъёр баҳогузорӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, надоштан ва ё нанавиштани мақолаҳои методӣ барои корманди соҳаи маориф ҳангоми баргузории аттестсия монеа шуда наметавонад.

Аз ин рӯ, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тавсия медиҳад, ки пеш аз баргузории аттестатсия Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017,№281 тасдиқ гардидааст, ба омӯзгорон тавзеҳ диҳанд.

Навиштани мақолаҳои методӣ татбиқи донишу таҷрибаи омӯзгорро аз ихтисос муайян менамояд ва барои аз аттестатсия гузаштани омӯзгор монеаеро ба миён намеорад. Яъне, надоштани мақолаи методӣ ҳангоми меъёри баҳогузорӣ набояд нишондиҳандаи асосӣ бошад. Ҳангоми баргузории аттетсия ва баҳогузорӣ дар умум сатҳи донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки фаъолияти соҳаи маорифро ба танзим медароранд ва дониши касбӣ, инчунин, татбиқи донишу таҷриба аз рӯи ихтисос ҳамчун нишондиҳандаи асосӣ ба назар гирифта мешавад. Доштани мақола ҳамчун як нишондиҳандаи вусъати фаъолияти омӯзгор ба инобат гирифта мешавад.

Қурбоналӣ Раҳимов,

мудири шуъбаи ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва коргузории

ИККМИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш