Нашрияи Омӯзгор

Беадаб ҳеҷ ба мақсад нарасад

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Одобро зевари инсон гуфтаанд. Дар ҳақиқат, одоб ба одам обрӯю эҳтиром, шаъну шараф ва мавқеи шоиста дар ҷомеа эҳдо мекунад. Ва баръакс, беадаб нокому шармзадаву гирифтор ба нафрату лаънат аст. Бисёр хуб таъкид кардаанд, ки «Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад, Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст». Хирадмандони адабгустари тоҷик дар ситоиши одоби ҳамида ва хислатҳои неки инсонӣ суханҳои ҳикматбор ва муассиру ҳидоятгар гуфтаанд. «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус ҳамчун асари тарғибгари волои хулқу одоби наку шояд дар саросари олам назир надошта бошад. Шоири тавоно Саъдии Шерозӣ бо номи «муаллими ахлоқ» низ  маъруф аст.  Қисмати аъзами осори аксари адибони классики тоҷикро мавзӯи панду ҳикмат, бахусус, ситоиши одоби писандидаву рафтору гуфтори наку ташкил медиҳад.

Аҳли хирад, аз ҷумла, таъкид кардаанд, ки инсон бояд ҳалиму хоксор,  нармгуфтору бомулоҳиза бошад ва ҳаргиз боиси озурда гардидани хотире нашавад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар боби таълиму тарбияи наку суханони барҷаставу мондагор гуфтааст, таъкид бинмуда, ки ҳалимӣ, накуӣ аз ҳама гуна неру тавонотар аст ва пеши афроди боодобу накусиришт сад лашкар нотавон хоҳад буд:

Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар,

Бал зи сад лашкар зафарангезтар.

Ҳама суханони насиҳатбори ниёгон бояд мавриди омӯзишу пазириши мо - ворисон бошад. Дар тарбияи шоистаи насли наврас осори ниёгон манбаи пурсамару таъсиргузорест. Аз он дар дарсҳо, дар машғулиятҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳо ва амсоли ин васеъ истифода бояд бурд.

Ҷои таассуф аст, ки одоби коставу ношоистаи қисме аз наврасони мо боиси рухдоди баъзе  ҳаводиси нохуш мегардад.

Зиддияту часпу талоши гурӯҳе аз хонандагони мактабҳои пойтахт, ки ҳатто расонаҳои хабарӣ аз ин хусус иттилоъ доданд, имрӯз ҳамагонро ба ташвиш овардааст.

Амалиёти «Корд», ки ба ин муносибат аз тарафи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар пойтахт охири моҳи гузашта роҳандозӣ гардид, ошкор сохт, ки қисме аз наврасон бинобар коста будани тарбияашон ҳадафҳои зиёновар ва худсарона доранд. Бо худ ҳар гуна ашёи ташвишбарангез, чун корду оҳанпораю симдастаю калтакчаҳо гирифта мегарданд. Ин ҳолат, махсусан, мо-омӯзгоронро водор месозад, ки корҳои тарбиявиро байни хонандагон тақвият бахшем, онҳоро ба некандешиву хушрафторӣ ҳидоят намоем.

Чунонки дар оғоз гуфтем, дар ин самт адабиёти ҳикматбори ниёгонамон метавонад неруи тавоно бошад.

 

Нурия Мирзоева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш