Нашрияи Омӯзгор

Вусъатбахши тафаккур

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 770        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси директори генералии ширкати «Помирэнерҷи» Далер Ҷумъаев дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ ва ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон курсҳои омӯзиши шоҳмот таъсис дода шуд.

Сармураббии муассисаи таълимии мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон Хушҳол Хушҳолов 16 сол аст, ки боз дар ин ҷода фаъолият дорад. Соли 2007 шогирдаш Сайидо Хушҳолзода қаҳрамони кишвар оид ба шоҳмот гардид. Нозия Саидшоеваи 12-сола соли 2018 дар мусобиқаи шоҳмотбозони навраси Осиё дар шаҳри Тошканд фаъолона ширкат варзид.

Аз 20 то 25 июли соли равон дар маркази ноҳияи Рӯшон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор гардид. Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо як нафар - Олуча Саъдиев мақоми аввалро соҳиб шуд.

 

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш