Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши инсон чӣ медиҳад?

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Барои мо, омӯзгорон, дар раванди таълим китоби дарсӣ ҳамчун воситаи асосии баён намудани мавзӯъҳо хидмат мекунад. Яке аз ин гуна китобҳои таълимие, ки дар  дарси биология аз он ба таври пурсамар истифода мебарем, «Биология» (Анатомия, физиология ва гигиенаи одам) ба шумор меравад ва муаллифи он олими шинохта Мирзо Устоев мебошад. Хусусияти ҷолиби китоби мазкур дар он аст, ки бо забони содаю фаҳмо навишта шуда, хонанда дар дарку азхудкунии мавзӯъҳо аслан душворие намекашад. Шурӯъ аз муқаддима мо ба қисматҳои илми биология, аз қабили анатомия, физиология, шинос шуда, дар бораи гигиена маълумот мегирем. Маълум аст, ки дар синфи 9 одам ва организми ӯ омӯзонда мешавад. Аз ин рӯ, донистани узвҳои дохилию берунӣ, фаъолияти онҳо, беҳдошту ҳифзи ин аъзо барои хонандагон бисёр муҳим мебошад. Дар китоб мавзӯъҳои «Одам ва мавқеи он дар системаи органикӣ», «Системаи асаб», «Системаи гардиши хун ва дил»,  «Нафаскашӣ», «Ҳозима» «Мубодилаи моддаҳо» «Афзоиш ва инкишоф», «Аъзои ҳис», «Фаъолияти олии асаб», «Фаъолиятии  меҳнатӣ ва нигоҳдории саломатии одам» ба хонандагон барои омӯзши васеъ пешниҳод гардидааст.

Дар умум, китоби «Биология» барои синфи 9, ки қисматҳои анатомия, физиология ва гигиенаро меомӯзонад, дар масъалаи ҳосил кардани маълумоти аввалия дар бораи инсон ва организми он барои хонандагон нақши бузургеро иҷро мекунад.

Мавҷуда БОБОЕВА,

омӯзгори биология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш