Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 2 ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Кироми ноҳияи Айнӣ сол то сол ободу зебо мешавад.
Ҳайати омӯзгорону хонандагон, гурӯҳи коркунони хоҷагии таълимгоҳ аз рӯи нақшаи муайян боғи дабистонро ба синфҳи 8-11 ба қитъаҳо ҷудо карда додаанд. Дар боғ ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, гулҳои гуногун парварида мешаванд. Ниҳолҳое, ки солҳои пеш шинонида шуда буданд, ҳоло ҳосил медиҳанд ва аз ин ҳисоб барои баъзе хароҷоти зарурии мактаб (ашёҳои хониш) маблағи муайян ба даст оварда мешавад.
Атрофи варзишгоҳи таълимгоҳ нообод буд. Масъулини ноҳия ин вазъро дар мактаби калонтарини қаламрави водӣ ба ҳисоб гирифта, барои ободонии ин мавзеъ 10 ҳазор сомонӣ ҷудо кардан два дар ин замина атрофи варзишгоҳ хеле обод гашт.
Ҳуҷраи технология ба маблағи 5000 сомонӣ аз ҳисоби хайрияи собиқ омӯзгори мактаб Маннон Сулаймонов пурра таъмир шуд.
Даромадгоҳи мактаб аз ду самт аз тарафи падари хонанда Арафат Ахмедов ва дастгирии соҳибкорону ташаббуси волидон панҷарадевор гирифта шуд.
Ҳамчунин, 4332 сомонӣ барои ашёи рангпошанда ва овардани оби тоза дар назди ошхона сарф гардид.
Маъмурият, кумитаи иттифоқи касаба, кормандони хоҷагӣ, гурӯҳи волидону соҳибкорони деҳаи Урметан ният доранд, ки вақти таътил ду синфхонаи иловагӣ (барои кӯдакони 6-сола) сохта, то фарорасии соли нави хониш ба истифода супоранд.
Ғолиб ҲАСАНЗОДА,
омӯзгор, ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр