Нашрияи Омӯзгор

Заминаҳои тарбияи наврасон

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир дар ахлоқи кӯдакону наврасон ва ҷавонон бисёр костагиҳо дида мешавад. Чунки дар замони муосир, аз як тараф, илму фан рӯз ба рӯз пеш рафта истода бошад, аз тарафи дигар, падару модарон дар тарбияи фарзанд бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.  Ҳол он ки муаллими аввалини кӯдак волидон ба ҳисоб мераванд. Наврасону ҷавонон чӣ тавр худро дар меҳнат нишон диҳанд, ҳамин хел симои ахлоқии онҳо ташаккул меёбад.

Наврасон қобилияти гуногун доранд, яке хуб мехонаду дигаре аз ягон мавод чизе сохтанро дӯст медорад, сеюмин мушоҳидакор буда, чизи дар таътил дидаашро хуб ҳикоя карда метавонад, чорумин дар варзиш чусту чолок мебошад. Аз тарафи дигар, ҳар яке аз онҳо камбудию норасоиҳо низ доранд: яке худро таърифу тавсиф мекунад, дигаре – танбал, сеюмин фақат  худ ба муваффақият расидан мехоҳад, чорумин ба ваъдааш вафо намекунад. Дар ин ҳолатҳо омӯзгори ботаҷриба ва волидайни боандеша бояд тарбияро дуруст ба роҳ монанд.

Аксари волидайн, вақте ки фарзандонашонро баъд аз дарсҳо пешвоз мегиранд, «Баҳои чанд гирифтӣ?», «Вазифаҳои хонагиро дар рӯзномаат навиштӣ?», «Хӯрокатро хӯрдӣ?» - гӯён пурсон мешаванд. Ин гуна пурсишҳо аҳамияти баланди тарбиявӣ доранд.

Муносибати кӯдак бо ҳамсолонаш чашмаи ҳиссиёти ҳаяҷонбахш буда, волидайни бомулоҳиза фарзандашонро на фақат бо кӣ дӯст будан, балки чӣ тавр рафиқӣ карданро   дар асоси инсофу меҳрубонӣ бояд фаҳмонанд.

Баъзан аз ҳад зиёд фарзандро эрка карда, ҳамаи хоҳишашро иҷро кардан, аз рӯбучини хона ва дигар намуди кор озод намудан, ӯро танбалу бемасъулият мекунад.

Ҳамин тавр, мо, омӯзгорон, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи меҳ-натдӯстию ватанпарварӣ ва масъулиятшиносӣ тарбияву ба камол расонем.

 

Саида ПӮЛОТОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №21,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш