Нашрияи Омӯзгор

Осори тарбиятгар ва ғановатманд

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Имсол ба зодрӯзи яке аз нависандагони номвари тоҷик Пӯлод Толис, ки соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, 90 сол пур шуд. Ин қаламкаши боистеъдод, ки мутаассифона, умри кӯтоҳе ба сар бурд (ҳамагӣ 32 сол умр дид), аз худ мероси шоистае боқӣ гузошт.

Ҳикояву қиссаҳои ӯ солҳои зиёдест, ки дар кишварамон батакрор нашр мешаванду доираи хонандагону ҳаводоронашон пайваста вусъат меёбад. Ба ифтихори 90-солагии нависанда соли равон дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор карда шуданд. Ҳаёт ва эҷодиёти Пӯлод Толис, воқеан ҳам, шоистаи омӯзиш мебошад. Дар мактабҳо ҳангоми ташкили  маҳфилҳо ё дарсҳои тарбиявӣ вобаста ба ҳаёт ва эҷодиёти ин нависандаи маҳбуб ба як қатор масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳ зоҳир бояд кард. Аз ҷумла, бояд аз тарҷумаи ҳоли адиб ҳикоят кард, асарҳояшро номбар намуд ва мазмуну муҳтавои баъзе аз онҳоро шарҳ дод.

Пӯлод Толис хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар матбаа, дар рӯзнома, дар маҷалла ва дар  нашриёт (дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе) кор кардааст. Бештар ҳамчун  сармуҳаррири маҷаллаи бонуфузи адабӣ-«Шарқи сурх» (баъдан он «Садои Шарқ» ном гирифт) фаъолияти бовусъату пурсамар доштааст.

Аз Пӯлод Толис китобҳои «Чароғҳо», «Ҳикояҳо» «Дар сари роҳи калон», «Ҳикояҳои даҳ сол», ки дар даврони зиндагиаш ба нашр расидаанд, ба ёдгор мондаанд. Ин нависандаи тозакорро дар адабиёти муосири тоҷик бештар бо силсилаи ҳикояҳои ҷолибаш, ки асосан, барои наврасону ҷавонон эҷод шудаанд, мешиносанду эътироф мекунанд. Ҳикояҳои адиб бо сабку  услуби хос,  навоварона, бо бандубасти ҷолиб ва бо забони равону шеваю образнок иншо шудаанд.  Масалан,  ҳикояи «Лолачинӣ» солҳост, ки дар шумораи писандидатарин ҳикояҳои хонандагон қарор дорад. Мазмуни ин ҳикоя насли наврасро ба ҷасоратмандию қавииродагӣ ва ростқавлию хушрафторӣ даъват менамояд. Ҳодисаи ҷолибу аҷибе, ки дар кӯҳсор бо нав-расон ба вуқӯъ мепайвандад (вохӯрии онҳо бо чӯпон), боиси тағйироти ҷиддие дар маънавияти онҳо  мешавад, чашмашонро ба воқеият, ба оламу одам бештар боз мекунад. Ҳикояҳои дигари адиб низ ҷанбаи неруманди тарбиявӣ доранд ва ба насли наврас беҳтарин хислатҳои инсониро талқин менамоянд.

Дар эҷодиёти Пӯлод Толис қиссаи  «Тобис-тон» мавқеи муҳим дорад ва умуман, ин қисса дар адабиёти навини тоҷик марҳилаи тозаеро асос гузоштааст.

Қаҳрамони асосии қисса Ҳасан ном навраси 13-сола мебошад. Вай зираку кунҷкоб аст ва мехоҳад ба маънии ҳодисаву воқеаҳои атроф ҳар чӣ зудтару бештар сарфаҳм равад. Рафтори иддае аз одамон ӯро ба ҳайрат меоварад, боиси ангезаҳои фикриаш мегардад. Нависанда ба воситаи ин образи муҳим манзараҳои зиндагӣ, хулқу атвори одамон, раҳму шафқат, кинаву адоват, бартарии ҳақиқатро тавсиф мебахшад ва хонандаро ба андеша кардану роҳи дурустро интихоб бинмудан ҳидоят месозад. «Тобистон» ҳамчун асари ахлоқию психологӣ эътироф гардидааст…

Дар маҳфилҳои адабӣ бахшида 90-солагии Пӯлод Толис дар мактабҳо ба намоиш гузоштани китобҳои адиб, таҳияи саҳначаҳо вобаста ба мазмуни ҳикоёти ӯ, баргузории сабқати дониш перомуни ҳаёт ва эҷодиёти нависанда ва монанди инҳо манфиатовар хоҳад буд ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба адабиёти бадеӣ бештар хоҳад кард.

Шарифа Мирзоева,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш