Муаллим дар он сурат ба мақсадаш мерасад, ки мавзӯъҳои дар барнома пешниҳодшударо шогирдонаш бо муваффақият ҳазм бинамоянд.
Ҳазми барнома, пеш аз ҳама, ба муаллим, муносибати ӯ бо хонанда ва тавзеҳи саҳеҳи мавзӯъ вобаста аст. Хонандагон ба ҳар ҳодисаеву амале мушоҳидакорона ба он ба назари тақлид менигаранд. Муносибати муаллим бо хонандагон бояд боадолатона бошад. Омӯзгор дар рафти машғулиятҳо бо роҳи панду андарзҳо шогирдонро ба рафтори дуруст ва муносибати самимона ҷалб бояд намояд. Дар босамару судманд будани тарбия ҳамкории муаллим бо волидон нақши калон мебозад. Ҳамкорӣ бо волидон ба муаллим имкон медиҳад, ки хонандагонро бештару амиқтар омӯзад ва ҳар фаҳмиши нодурустро аз шууру тафаккури кӯдак дур созад. Муаллим бояд кӯшиш кунад, ки дар ҷараёни дарсҳо сифатҳои ҳамидаи инсонӣ, муҳаббат ба донишро ба шогирдон талқин намояд. Дар ин зимн аз асарҳои пандомӯзи шоирони тоҷик истифода бурдан хеле бамаврид аст. Адабиёти тоҷик аз ин лиҳоз хеле ғановатманд мебошад. Барои дуруст ба роҳ мондани тарбияи шогирдон суҳбатҳо дар мавзӯъҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, баргузории ҷашнҳо, ташкили бозиҳо, иҷроиши намоишҳои хурд дорои аҳамияти бағоят калон аст. Хонандагон дар мактаб ҳам бо таълим ва ҳам бо тарбия фаро гирифта мешаванд, Ин ду самт аз ҳам бартарие надоранд ва якдигарро мукаммал месозанд.
Чунин ҳамбастагӣ ҳамешагист ва фаъолияти омӯзгор ба ин нуктаи муҳим пайванди қавию ҳамешагӣ дорад.
Зимнан, мехоҳам, сухане чанд дар бораи сифатҳои беҳтарини омӯзгори воқеӣ бигӯям.
Омӯзгорро мебояд аввал некую муассир сухан гуфтан биомӯзад. Сухан нахустсилоҳи омӯзгор аст. Меҳру муҳаббати самимӣ доштан ба шогирдон, ғамхорӣ нисбат ба онҳо, ҳар як хонандаро дақиқ омӯхтан аз сифатҳои ҳамидаи омӯзгори асил мебошад. «Дониш бидуни ахлоқ маъное надорад» гуфтаанд бузургони мо. Падару модар китоб мехаранд, сару либос мехаранд ва фарзандонашонро ба мактаб равон мекунанд, бо умеде ки таълиму тарбияи хуб гирифта, дар оянда соҳиби номи нек гарданд. Бисёр муаллимон шикоят аз он мекунанд, ки хонандагон одоб надоранд, ба омӯзиш ҷидду ҷаҳд намекунанд ва танбаланд. Аслан, чунин хонандагон бархоста аз таълиму тарбияи номукаммаланд. Агар омӯзгор дар пешаи худ мумтоз бошад ва асосҳои педагогикаю психологияро хуб донад, шогирдонаш комёбу муваффақ, боодобу пешрав хоҳанд шуд…
Парвина Бурҳонова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №53-и ноҳияи Файзобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр