Нашрияи Омӯзгор

Тарбия аз гаҳвора оғоз мешавад

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

2-юми августи соли 2011 баъди муҳокимаи умумихалқии қариб яксола Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падар ва модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Ин қонун бо муҳтавою ғоя ва консепсияи фалсафию ахлоқии худ дар миқёси ИДМ ягона, беназир ва саривақтӣ буд. Ғояи асосии он тарбияи насли солиму созанда, худогоҳ, ватандору ватанпараст, оқилу олим, тамаддунофару гуманист аст.

Зимни муҳокимаи умумихалқии яксола ҳамаи қишри ҷомеа фикру мулоҳизот, таклифу иловаҳои хешро оид ба ҳусну қубҳи он баён намуданд. Аксарияти мардум иқдоми саривақтӣ ва ногузир будани онро дар пешбурди сиёсати созандаи кишвар ҷонибдорӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду дастуру ҳидоятҳои хеш ҳама вақт таъкид менамоянд, ки гаҳвораи нахустину аслии тарбия ин муҳити хонавода аст. Зеро хишти нахустини одобу ақлу инсофу тафаккур маҳз ҳамон ҷо гузошта мешавад. Зеро мафҳумҳои меҳрубонӣ, якдигарфаҳмӣ, ростгӯйӣ, эҳтиром, эътиқодро насли наврас аз муҳити оилавӣ меомӯзад. Зеро алифбои муоширату муносибатро насли наврас аз волидонаш меомӯзад. Зеро сарманшаи каҷию костӣ, некию ростӣ аз оила меоғозад. Зеро меъмори нахустину аслии ҳар як инсон ин волидонанд.  Чӣ тавр ба камол расидани фарзандон ба донишу истеъдоди падару модар вобаста аст. Ба олиму оқил, ватанпарасту худогоҳ ва террористу бенангу номус шудани фарзандон нахуст волидон сабабгоранд.

Оила ошёни муқаддас аст. Мафҳуми Ватан, покию қудсияти он аз остонаи ҳамин даргоҳ оғоз мешавад. Эҳтирому дӯст доштани оила оқибат ба ватандӯстдорӣ роҳ мекушояд. Хушунату бепарвоию бетарафӣ дар оила фарҷоми нангин ва оқибатҳои сангин дар пай дорад. Оила танҳо ҷойи зист – маскани хобу хӯру фароғат нест. Он ҷузъи хурдтарини давлату давлатдорист. Вай ба сари худ мустақил ҳам нест, ки даруни чордевораш ҳама аъзои он «худам шоҳу табъам вазир» гӯён чӣ тавре ки мехоҳанд, зиндагӣ кунанду пешорӯйи қонун, сиёсати давлат, раванди таҳаввулоти ҷамъиятӣ маълумоте, парвое, масъулияте ё ҳиссае надошта бошанд. Ҳар кас бояд дар бунёду таҳкими иморати истиқлолият, ки баъди ҳазор сол насиби миллати тоҷик гаштааст, бо муҳаббату садоқат, шукргузорӣ хиште гузораду ҳиссае дошта бошад. Охир, ҳама аз оби ин диёр менӯшем, аз ҳавояш нафас мегирем, рӯйи доманаш манзил дорем, аз зебоиҳояшу неъматҳояш баҳра мебарем, аз буданаш менозем.

Насли наврас дар як шабонарӯз ҳамагӣ 5-6 соат дар оғӯши дабистону зери назорати омӯзгорон аст. Дигар муддати боқимонда дар ихтиёри волидайни хеш қарор дорад.

Омӯзгор шахсест, ки бо шарофати раҳнамоӣ, заҳмату шабзиндадориҳояш дар замиру тафаккури ҳар як инсон машъали бузургию наҷот, саодату садоқатро фурӯзон менамояд. Муаллим ҳеҷ вақт шогирдро ба худию бегона, ноқобилу гапдаро, неку бад, зишту зебо ҷудо намекунад. Пеши ӯ ҳама – хору гулу сангу гил яксон аст. Ҳол он ки баъзе волидон пойбанди хостаҳои иқтисодӣ гардида, байни фарзандони худ тафриқа меандозанд, аз таълиму тарбияи онҳо қасдану намоишкорона канорагирӣ менамоянд. Онҳо доимо дар фикри ҳавасҳои наф-сонии худ шуда, ба ҷуз пеши пойи худ, ба ҷуз нуги бинии худ андаке дуртарро намебинанд. Ба тадбире оламу одамро об барад ҳам, онҳо сари мӯе ғусса намехӯранд. Вале омӯзгор дар ҳамаи давру замону шароит рисолати азалии хешро иҷро менамояд. Шогирде зуд, нафаре дертар, севумӣ хеле дер бошад ҳам, ба қадри заҳматҳои устод мерасад. Зеро қатра оқибат боз ба дарё меомезад.

Вале афсӯс, ки аксарияти волидон вазифаи ҷонии худ - тарбияи фарзандонро то ҳол вазифаи мактабу омӯзгор меҳисобанд ва аз масъулияти ҷонии хеш канора мегиранд. Фарзандро ба олами ҳастӣ овардан ҳанӯз маънои падару модар шуданро надорад. Падару модар онест, ки фарзандро аз хурдӣ то синни балоғат дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намояд. Ба ҷойи дар амал татбиқ намудани модулҳои таълиму тарбия, ки зикрашон дар Қонуни «Масъулият…» рафтааст, онҳо бо харида додани телефонҳои мобилӣ, ороишоти тиллоӣ, чапғалат задан аз харидани либоси ягонаи мактабӣ, муҳайё насохтани шароити таҳсили фарзанд дар хона ба кори бе ин ҳам душвори омӯзгорӣ халал мерасонанду беэътиноӣ зоҳир менамоянд.

Агар волидон дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд лутфу инсоф, ғайрату дилсӯзӣ ва тафаккур намоянд, бисёр падидаҳои куҳнаю нав ва таҳмилӣ, ки дар ҳақиқат, доғи чеҳраи рӯзгори мост, пурра решакан мегардад….

Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ,

узви ИЖТ,

директори мактаби №25,

шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш