Нашрияи Омӯзгор

Рӯйхати кишварҳои пешсаф

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Маориф омили асосии рушди давлатҳо маҳсуб ёфта, бо индекси таҳсилот дар ҷаҳон рушди иҷтимоии ҷомеа муайян карда мешавад. Ҳамасола рейтинги кишварҳое, ки аз рӯи сатҳи таълим ва донишазхудкунии хонандагон ҷойи намоёнро ишғол мекунанд, муайян карда мешавад. Дар поён дар бораи низомҳои беҳтарини соҳаи маориф, мактабҳои олӣ, сатҳи саводнокӣ ва сифати таълим маълумоти тозатарин оварда мешавад.

Дараҷаи маълумотнокӣ

дар кишварҳои ҷаҳон

Мутобиқи сатҳи маълумотнокии аҳолии кишварҳо дараҷаи  саводи миллатҳо муайян карда мешавад. Сатҳи донишу  саводнокӣ дар кишварҳои ҷаҳон ба таври зайл аст:

Эстония, Куба, Олмон ва Латвия мавқеи баландро ишғол мекунанд, сатҳи саводнокӣ  99,8%,  Барбадос, Словения, Беларус, Литва, Украина ва Арманистон 99,7%, Қазоқистон ва Тоҷикистон – 99,6%, Озарбойҷон, Туркманистон ва Россия 99,5%,  Маҷористон, Қирғизистон ва Лаҳистон – 99,4%, Молдова ва Тонго – 99,2% -ро  ташкил медиҳад.

Дар  умум,  сатҳи саводнокӣ дар кишварҳои ҷаҳон баланд аст: танҳо 17% аҳолӣ то ҳол дар рӯйи олам бесавод боқӣ мондаанд, ки мувофиқи нишондоди оморӣ қисми зиёди онҳо ба ҷавонони 15-24 – сола рост меояд.

10 кишвари пешрафта аз рӯи сатҳи таҳсилот

Барномаи Рушди СММ бо пажӯҳиши густурдаи хеш сатҳи ҳозираи таҳсилотро ҳамасола муайян мекунад ва тибқи пажӯҳиш маълумоти зерин бо нишондиҳандаҳо пешниҳод гардидааст:

1. Австралия - 0.939.

2. Дания - 0.923.

3. Зеландияи Нав - 0.917.

4. Норвегия - 0.916.

5. Олмон - 0.914.

6. Ирландия - 0.910.

7. Исландия - 0.906.

8. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - 0.900.

9. Нидерландия - 0.897.

10. Британияи Кабир - 0.896

Дар радабандии минбаъда кишварҳои Аврупо, Ҷопон ва кишварҳои ИДМ ҷой гирифтаанд. Дар ҷойҳои охирин Гвинея, Эфиопия, Судон, Мали, Чад, Эритрея, Нигер қарор доранд. Сатҳи пасти маълумот дар минтақаҳои Африқои Марказӣ мушоҳида мешавад, ки  ин ба сатҳи пасти рушди иҷтимоии ин кишварҳо вобаста аст. Дар ин давлатҳо ҷиҳти фароҳам овардани ҷойи таҳсил барои кӯдакон ва ҷавонон маблағи кофӣ мавҷуд нест.

Хароҷоти буҷет барои рушди таҳсил дар кишварҳои гуногун

Барои маблағгузории таҳсил  таносуби хароҷоти хусусӣ ва давлатӣ бо фоизи ММД ба инобат гирифта мешавад. Айни замон, давлатҳои пешрафта бо он фарқ мекунанд, ки давлат соҳаи маорифро худ назорат мекунад. Маълумоти босифат аз маблағҳои сарфшуда вобаста нест - он ба мутахассисони баландихтисос ва системаи муносиб асос ёфтааст.

Маблағи зиёд ба соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тимори Шарқӣ  (тақрибан 14%) ММД аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сарф карда мешавад. Дар ҷои баъдӣ Шоҳигарии Лесото дар Африқои Ҷанубӣ  (13%) ба таҳсилот сарф мекунад, дар ин давлат саводнокӣ дар байни занон нисбат ба мардон баландтар аст. Баъд аз Лесото  Куба ҷойгир аст, ки 12,9% ММД-ро масраф мекунад, ин тааҷҷубовар нест, зеро таҳсил дар ин давлат  барои ҳама (муҳоҷирон ва аҳолии таҳҷоӣ)  ройгон аст.

Ҷумҳурии Бурунди дар Африқои Шарқӣ дар ҷойи 4-ум ҷойгир аст - мақомот ба соҳаи маориф 9,2% ММД-ро ҷудо кардааст. Дар ин давлат таҳсилот аз кӯдакӣ (7 сола) ҳатмӣ дониста мешавад. Молдова дар қатори панҷгонаи беҳтар ҷойгир аст - 9,1% буҷаро ба ин хотир масраф мекунад. Дар ҷойҳои баъдӣ Дания, Малдив, Ҷибути, Намибия ва Кипр қарор доранд, ки хароҷоташон аз 8,7 то 7,9% мебошад. Ҷои охир ба АМА тааллуқ дорад.

Сифати таҳсил:

даҳгонаи беҳтарин

Бисёриҳо бар он боваранд, ки соҳиби диплом шудан дар як муассисаи таълимии Аврупо дарҳои зиёдеро барои фаъолият боз мекунад. Аммо имрӯз  кишварҳои дигаре низ даъво доранд, ки бо давлатҳои Аврупо вобаста  ба сифати таълим рақобат намоянд.  Рейтинг чунин аст:

1.         Дар ин радабандӣ дар ҷои аввал Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ қарор дорнанд: хонандагон дар як ҳафта 7 рӯз ба мактаб мераванд.

2. Дар ҷойи дуюм Сингапур - кишвари аз ҷиҳати иқтисодиёт пешрафта, ки бо рушди устувори муассисаҳои томактабӣ машҳур аст.

 3. Ҳонконг дар мавқеи сеюм қарор дорад, ки сифати таълим дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олӣ баланд аст.

 4. Ҷойи  чорумро Финляндия ишғол мекунад.

5. Мавқеи панҷумро Британия Кабир бо донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ соҳиб гардидааст.

6. Канада дар ҷои шашум аст - дар ин ҷо сатҳи баланди дониши хатмкунандагони коллеҷҳо қайд карда шудааст.

7. Нидерландия бо сабаби нокифоягии ҳаҷми сармоягузорӣ дар соҳа, дар мавқеи ҳафтум қарор дорад.

8. Ирландия дар ҷои ҳаштум қарор дошта, дар ин давлат мактаббачагон ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ метавонанд ройгон таҳсил кунанд.

9. Дар ҷойи  нуҳум Полша қарор гирифтааст.

10. Ба даҳгонаи пешсаф дар сифати таҳсил дар ҷаҳон - Дания дохил мешавад.

Аз маълумот бармеояд, ки кишварҳои Осиё дар ин самт пешсафанд. Дар минтақаи Скандинавия ва Аврупо таълими босифат дар ҷойи аввал қарор дорад.

10 давлате, ки  беҳтарин системаҳои маориф доранд

Сифати таълим дар кишварҳо на танҳо аз ҳисоби маблағгузорӣ, балки аз ҷиҳати самаранокии системаи маориф низ муайян карда мешавад. 10 давлат дар ин радабандӣ қарор дорад, ки дар онҳо системаҳои беҳтарини таълим мавҷуд аст:

1. ИМА

2. Швейтсария

3. Дания

4. Британияи Кабир

5. Шветсия

6. Финляндия

7. Нидерландия

8. Сингапур

9. Канада

10. Австралия

Агар мо рейтингҳои қаблан пешниҳодшударо муқоиса намоем, он гоҳ Финляндия, Британияи Кабир, Нидерландия ва Сингапур на танҳо системаи хуб ва самарабахши таълим, балки сатҳи баланди сифати таълимро доро мебошанд. Австралия, Дания, ИМА ва Нидерландия низ ба рӯйхати беҳтарин давлатҳо дар соҳаи маориф дар ҷаҳон шомиланд.

(Давом дорад)

Таҳияи

 Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш