Беҳуда “математика шоҳи фанҳост” нагуфтаанд. Дарси математика шавқовар мешавад, агар омӯзгор онро баъзан ба бозӣ табдил диҳад. Ин шакли машғулият ба хонандаҳо писанд омада, майлу рағбати онҳоро нисбат ба фанни риёзӣ бештар менамояд, ҳатто хонандагони сустхон низ мехоҳанд дар бозӣ ширкат варзанд.
Омӯзгор метавонад ин намуди машғулият - бозиро дар лаҳзаҳои мустаҳкамкунӣ ё охири дарс гузаронад.
Пеш аз он ки омӯзгор чунин машғулият-бо-зиро оғоз намояд, шогирдонро ба оромӣ ва бодиққат будан водор намуда, тартиби бозии риёзиро таъкид мекунад:
- аз ҷои нишаст дод задан мумкин нест, фақат даст бардоштан лозим;
- дар вақти ҷавоб гуфтани як нафар хонанда дигарон бояд луқма напартоянд;
- агар касе ин тартиботро риоя накунад, аз бозӣ хориҷ мешавад;
- як нафар баранда мешавад, рӯйхати хонандагонро ба даст мегирад, касе ҷавоби дуруст медиҳад, хол мегузорад.
1. Кадом 3 ададе ҳаст, ки ҳангоми ҷамъ ва зарб кардан ҳамон як натиҷаро доро мешавад. (Ҷавоб 1, 2, 3).
2. Се мурғи марҷон дар ҳаво парвоз мекарданд, яктоашро шикорчӣ паронд, чандто мурғи марҷон монд?
(Ҷавоб: Мурғи марҷон ба ҳаво намепарад.)
3. Адади 3-ро се бор навишта, амалҳои риёзиро тавре гузоред, ки адади 4 ҳосил шавад. (Ҷавоб: 3:3+3=4).
4. Аломатҳоро тавре гузоред, ки дар баробарӣ адади 100 ҳосил шавад. 11111, 55555.
(Ҷавоб:111-11=100, 5+5+5+5)•5=100)
5. Суммаи кадом ду адади натуралии якхела ба ҳосили зарбашон баробар мешавад?
(Ҷавоб: 2+2=2х2)
6. Хона 4 кунҷ дорад. Дар ҳар як кунҷи он як гурба нишастааст. Дар муқобили ҳар як гурба 3 гурба нишастааст. Ҳамагӣ чанд гурба нишастааст?
(Ҷавоб: 4 гурба)
7. Дар хона ду духтар, ду модар ва бибӣ бо наберааш нишастааст. Ҳамагӣ дар хона чанд нафар нишастаст?
(Ҷавоб: 3 нафар)
8. Як тухм дар 4 дақиқа мепазад. 5 тухм дар чанд дақиқа мепазад? (Ҷавоб: 4 дақиқа).
9. Ду падар ва 3 писар 3 харгӯш шикор карданд. Ба ҳар кадомаш 1-тогӣ харгӯш расид. Чаро?
(Ҷавоб: Бобо, писар ва набера)
10. Ду даст 10 ангушт дорад. 10 даст чанд ангушт дорад?
(Ҷавоб: 50-то)
11. Адади ҷуфти хурдтарин кадом аст?
(Ҷавоб: 2)
12. Росткунҷае, ки ҳамаи тарафҳояш баробар аст?
(Ҷавоб: Квадрат)
13. Панҷ нафар хонанда 5 масъаларо дар 10 дақиқа ҳал карданд. 10 хонанда 5 масъаларо дар чанд дақиқа ҳал мекунанд?
(Ҷавоб: 10 дақиқа).
14. Аз кадом адади 3-рақама адади 1-ро тарҳ кунем, адади 2-рақама ҳосил мешавад?
(Ҷавоб:100-1=99).
15. Аломати ҷамъро тавре гузоред, ки суммаи ададҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7 ба 100 баробар шавад.
(Ҷавоб:1+2+34+56+7=100)
Дар охир омӯзгор холҳои гирифтаи хонандагонро ҳисоб карда, онҳоро баҳогузорӣ мекунад.
Хулоса, ин тарзи машғулият - бозии риёзӣ маҳорату малакаи хонандагонро инкишоф дода, дониши онҳоро аз ҷиҳати мантиқӣ сайқал мебахшад.
Робия ШАРИФОВА,
омӯзгори мактаби №81-и
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр