Нашрияи Омӯзгор

Машқҳои дамгирӣ дар мактаб - интернатҳои махсус

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Машқи дамгирӣ ин чорабинии кӯтоҳмуддате мебошад, ки як - ду дақиқа давом карда, организми кӯдакро мустаҳкам менамояд. Тадқиқотҳо  нишон медиҳанд, ки гузаронидани  он дар давоми дарс натиҷаи мусбат медиҳад.

Истифодаи порчаҳои шеърӣ, машқҳои гуногун ва ҳаракатҳои тақлидӣ имконият фароҳам меоварад, ки машқҳои дамгирӣ шавқовар, пурмазмун ва ҷолиби диққат гузаронида шаванд. Тарзи иҷрои ҳар як машқро кӯдакон бояд ҳамроҳи омӯзгор ё мураббия омӯзанд, чунки онҳо дар оянда мустақилона бояд онро иҷро карда тавонанд.

Вақти беҳтарин барои гузаронидани машқи дамгирӣ ҳангоми аз як қисми машғулият, яъне вақте ки мондашавиии кӯдакон мушоҳида карда мешаванд, ба ҳисоб меравад.

Баъзе дарс ё машғулиятҳое ҳастанд, ки гузаронидани машқи дамгирӣ дар рафти он зарур нест. Аз ҷумла, дарси суруд ва мусиқӣ, ки аз рӯи қоида машғулиятҳо ҳаракатҳои гуногун ва хондани сурудҳоро дар бар мегирад ва дар он кӯдакон мондашавиро ҳис намекунанд, балки шавқмандии онҳо баланд мегардад.

Дар дарсҳое, ки кӯдакон бо қалам бисёртар кор мекунанд (забони модарӣ, математика, санъати тасвирӣ) ангуштони онҳо зуд монда мешавад, бинобар ин, дар ин вақт бояд машқҳое гузаронида шаванд, ки барои инкишофи мушакҳои ангуштон ва дастон мусоидат кунад. Ин машқҳо оид ба кушода пӯшидани панҷаҳои даст, чапакзанӣ, ба якдигар расонидани нӯги ангуштон мебошад. Машқҳо бояд ба синну соли кӯдакон мувофиқ интихоб карда шаванд.

Машқҳоро бо кӯдакон ҳамроҳ иҷро намудан лозим аст, зеро онҳо бинанд, ки омӯзгор ё мураббӣ низ ба иҷрои машқ шавқманд аст. Ба ғайр аз ин, омӯзгор бояд маҳорати тарзи дуруст қироат кардани порчаҳои шеъриро дошта бошад. Агар кӯдак ҳаваси иҷро кардани машқи дамгириро надошта бошад, ӯро ба ин кор маҷбур намудан лозим нест. Ҳаракат намоед, ки сабабҳои иҷро накардани машқҳоро ёфта, онҳоро бартараф кунед.

Хулоса, машқи дамгирӣ, ки дар шакли бозӣ пешниҳод карда мешавад, барои бартараф намудани мондашавӣ, инкишоф додани малакаю маҳорати ҳаракати эҷодкорӣ ва тасаввурот воситаи хубе ба ҳисоб меравад.

 

Розия Табарова,

омӯзгори мактаб -

интернати махсуси №2,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш