Нашрияи Омӯзгор

Бунёди синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби соҳибкорон

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Фархор  бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ, аз ҷумла, Амонулло Абдуллоев  дар назди муассисаи таълимии №5-и Ҷамоати деҳоти Ватан чор синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст. Соҳибкорон талош доранд, ки ин синфхонаҳо 16 ноябр дар Рӯзи Президент мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Хотиррасон мекунем, ки раванди таълим дар муассисаи мазкур дар се баст ҷараён дошта, вазъияти таълиму тарбия дар ҳолати ногувор қарор дорад. Дар сурати ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ ҷараёни таълиму тарбия  дар ин даргоҳ  дар ду баст ҷараён мегирад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш