Охири ҳафтаи гузашта мардуми Озарбойҷон солгарди якасраи аввалин давлати ормонии хеш -Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Озарбойҷонро, ки соли 1918 бо саъю кӯшиши мардуми озодихоҳи ин сарзамин таъсис ёфта буд, таҷлил намуд. Ба ин муносибат Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона доир намуд, ки дар он вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Е. П. Ҳасан Дилсӯз-ӯғли баромад карда, аз муносибатҳои дерину судманди кишварҳо ёдовар шуданд. Робитаҳои Тоҷикистону Озарбойҷон қадимиву гуногунҷабҳа буда, намояндагони халқи Озарбойҷон замоне дар рушду нумуи илму фарҳанг, маориф ва матбуоти ҷавони тоҷик заҳмати зиёд ба харҷ додаанд. Тақдири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Озарбойҷон, ки соли 1918 таъсис ёфтааст, аз он ҷиҳат то андозае ба тақдири Респуб-ликаи халқии Советии Бухоро (РХСБ) (солҳои 1922-1924) монандӣ дошт, ки дар заминаи муборизаи озодихоҳона ва мустақилиятхоҳии халқҳо ба вуҷуд омада, баъди ду сол ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил гардида, мустақилияти хешро аз даст доданд.
Муҳаммадшариф
РУСТАМЗОДА
Иловакунӣ
Иловакунии фикр