Нашрияи Омӯзгор

Дарс агар хуш гузарад…

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ касби хеле мушкил, аммо пуршараф аст. Барои омӯзгори хуб будан бисёр заҳмат бояд кашид ва зиёд мутолиа намуд, зеро агар омӯзгор бо донишҳои фаровон мусаллаҳ бошад, муваффақ хоҳад шуд.

Омӯзгор бояд ҷаҳонбинии васеъ дошта, дорои фарҳанги баланд бошад, ба ҷуз таъриху фарҳанги миллати хеш, аз таъриху маданияти халқҳои ҷаҳон низ бохабар бошад. Бояд қайд намуд, ки омӯзгор бояд аз илми равоншиносӣ низ бохабар бошад. Ба ҳар як хонанда ба андозаи фаросату ҷаҳонбиниаш муносибат бояд кунад. Дар раванди таълим ба инобат гирифтани ҳолати равонии кӯдак хеле муҳим аст. Баъзе кӯдакон аз андаке сарзаниш завқи омӯхтанро ба осонӣ аз даст медиҳанд, зуд рӯҳафтодаву дилхунук мешаванд, ки ин, албатта, барои пешбурди кори таълиму тарбия монеа эҷод мекунад.

Дар хақиқат, агар дарси омӯзгор диққатҷалбкунандаву шавқовар гузарад, ҳатто хонандаи коҳил, ки шавқу завқи омӯзишаш суст мебошад, ба дарси ӯ таваҷҷуҳ пайдо мекунад. Усулҳои фаъоли таълим яке аз роҳҳои муфиду боровари ба дарс ҷалб намудани хонандагон маҳсуб меебад. Ин усул хонандагонро ба озодандешӣ, ҷуръати сухан кардан, мустақилона амал намудан водор менамояд. Ман дар дарсҳо синфро ба 3 гурӯҳ тақсим менамоям ва дар гурӯҳҳо сардор интихоб менамоям. Ба гурӯҳҳо аз рӯи фаъолияти аъзои он баҳогузорӣ менамоям. Ин тарзи баҳогузорӣ ба фаъолияти хонандагон, сардорони гурӯҳҳоро водор менамояд, ки нисбат ба хонандагони камфаъоли гурӯҳашон беэътиноӣ зоҳир нанамуда, ба онҳо ёрӣ расонанд. Мутмаинам, ки ин усулҳои ҷадид аҳамияти хуби тарбиявӣ низ доранд, дар миёни хонандагон дӯстӣ, нисбат ба ҳамдигар хайрхоҳ будан, масъулиятшиносӣ, ташкилотчигӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ташаккул медиҳанд. Масалан, дар синфи 5а, ки ман дарс мегӯям, аксар вақт сардори гурӯҳи 1 хонанда З.И. интихоб мегардад. Аз рӯйи мушоҳидаҳои ман ин хонанда каме ҳавобаланду мағрур буд. Ҳарчанд фаҳмишаш хуб аст, нутқи бурро дорад, зеҳнаш тез аст, аммо ба касе ёрӣ додан намехоҳад. Намегузорад, ки ҳамсинфонаш аз ашёи хониши ӯ истифода баранд. Аммо бо туфайли пайваста гузарондани дарсҳо бо ин сабку шеваҳои таълимӣ хонанда ба тарафи мусбат тағйир ёфт. Ҳангоми дармондани аъзои гурӯҳаш ба онҳо ёрӣ медод, дастгирӣ менамуд, ашёи хонишашро низ аз онҳо дареғ намедошт.  Усули фаъоли таълим дар баробари тарзу услуби муқаррарии таълим, дорои вижагӣ ва хусусияти умдаи худ аст. Ин усулҳо маҳорати суханронӣ ва фикрронии хонандагонро тақвият мебахшанд. Ҳангоми ба хонандагон тақсим намудани супоришҳои гуногун ва додани муҳлати муайян, онҳоро ба шинохт ва эҳтироми вақт водор менамояд. Хонандае, ки 45 дақиқаро хунукназарона паси сар менамуд, ҳамон лаҳзаи кӯтоҳеро, ки омӯ згор барои омода намудани супориш медиҳад, қадр менамояд ва дарк менамояд, ки натанҳо дар 45 дақиқа, балки агар шахс хоҳиш дошта бошад, кӯшиш намояд, метавонад дар кӯтоҳтарин дақиқаҳо чизеро омӯхта ва ё ба саволе ҷавоб дода бошад.  Гуфтан ба маврид аст, ки истифодаи бозиву лаҳзаҳои фароғатӣ низ дар дарс аз аҳамият холӣ нест.

Хулоса, рангоранг гузарондани дарсҳо,истифодаи усулҳои фаъоли таълим барои омӯзгор заминаи хуберо барои расидан ба қуллаҳои баланди муваффақият фароҳам меорад.

 

Гулҷаҳон ДАВЛАТОВА,

омӯзгори забони англисии литсейи №2, ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш