Нашрияи Омӯзгор

Табобат дар маркази тавонбахшӣ

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Маркази байналмилалии тавонбахшии ноҳияи Балҷувон дар мавзеи хушманзари Сари Хосор соли 2011 ба фаъолият оғоз намудааст. Бояд қайд намуд, ки дар маркази мазкур кӯдакони имконияташон маҳдуд ва кӯдакони ба фалаҷи майнаи сар гирифтор ба табобат фаро гирифта мешаванд. Дар давоми 5 соли фаъолияти муассисаи тавонбахшӣ 365 нафар кӯдаки гирифтори маризии майнаи сар саломатии худро барқарор намуда, шифо ёфтанд. 20 рӯзи табобат дар марказ барои ин дӯстрӯякон хеле хушу хотирмон мегузарад. Зеро ки онҳо дар баробари табобат гирифтан, ҳамчунин, аз мавзеъҳои таърихиву манзараҳои зебову нотакрори кӯҳсори диёр дидан намуда, ба табиати биҳиштосои кишвар аз наздик ошно мешаванд, ки ин омил низ ба барқарор намудани саломатии онҳо хеле муфид аст. Айни ҳол дар маркази мазкур 63 нафар кӯдаки маъюб табобат гирифта истодаанд. Тавре ки директори марказ Абдураҳмон Ғиёсӣ мегӯяд:

- Барои табобати кӯдакони мариз тамоми шароитҳо муҳайё буда, беҳтарин мутахассисони соҳибкасб ба табобати онҳо машғул мебошанд. Дар марказ кӯдакони гирифтори бемории фалаҷи майни сар аз саросари кишвари азизамон тавассути роҳхат фиристода мешаванд. Дар маркази тавонбахшӣ 35 нафар мутахассиси соҳибмаълумоти соҳа ба кӯдакони мариз хизмат мерасонанд. Баҳри табобат аз воситаҳои муосири тиббӣ истифода мебаранд. Соли ҷорӣ ба марказ як қатор таҷҳизоти нав ворид гардид. Дар шафати бинои марказӣ бо ҷалби соҳибкорону сохтмончиёни бинои хобгоҳ ва қисми дуюми бинои асосӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо истифодаи ин иншооти нав дар маркази байналмилалии тавонбахшӣ боз имконияти табобати 150 нафар кӯдаки мариз муҳайё мегардад.

 Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш