Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи технологияи муосир

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд семинар-машварат дар мавзӯи “Роҳҳои самаранок истифода бурдани технологияи муосир дар соҳаи маориф” баргузор гардид. Семинар-машваратро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева ифтитоҳ намуд.

Дар бораи зарурати баргузории чунин семинарҳо ва омӯзиши амиқи технологияҳои муосир муовини сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ибрози андеша кард. 

Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Киромиддин Назаров дар мавзӯи “Мақсад, вазифа ва самтҳои асосии “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” маърӯза намуд. Мавсуф таъкид кард, ки вобаста ба барномаи мазкур нақша-чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, ҷиҳати иҷро ба раёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастрас карда шудааст. Марказ тасмим гирифтааст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар курсҳои омӯзишии истифодабарии технологияи муосирро барои баланд бардоштани донишу малакаи техникии омӯзгорон ва хонандагон ба роҳ монад.

Баъдан дар маърӯзаҳои сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Набиҷон Ғаниев дар мавзӯи “Саводнокии баланди иттилоотӣ-коммуникативӣ дар пешрафти ҷамъият”, сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии шаҳри Хуҷанд Муҳайё Ғафурова оид ба “Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд” ва муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд Шавкат Рустамов перомуни “Инноватсия ва технологияи муосир дар такмил додани маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф” шунида шуд.

Дар идомаи семинар-машварат директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Конибодом Шодмонҷон Низомиддинова, директори литсейи №1 ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд Моҳира Азимова суханронӣ намуданд.  Иштирокдорони семинар-машварат байни ҳам мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълими технологияҳои муосир баён доштанд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгорон”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш