Нашрияи Омӯзгор

Ноҳияи Хуросон: ба сохтмони муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон мудири он Саидқул Олимзода зимни суҳбат бо мо зикр кард, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ Абдуқодир  ва Абдураҳим Шеровҳо дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №59, воқеъ дар деҳаи Сумбулаи Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа як бинои иловагӣ иборат аз панҷ синфхона бо фарогирии 100 ҷойи нишаст сохта шуд.

Ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкор  Асомиддин Ҳайдаров дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, воқеъ дар деҳаи Хумдони ҳамин ҷамоат 3 синфхонаи иловагӣ барои 75 ҷойи  нишаст, бо дастгирии падару модарон ва шахсони саховатпешаи деҳаи Гулистони Ҷамоати  деҳоти Ҳилолӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии  асосии №55 3 синфхонаи иловагӣ барои 75 ҷойи нишаст, дар деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Фахробод бошад, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 як синфхонаи иловагӣ, дар умум, 12 синфхона барои 280 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Феълан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №9 (3 синфхона) ва №30  (2 синфхона) аз ҷониби падару модарон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша идома ёфта  истодааст. Сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маориф аз тарафи  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 3,1  млн. сомонӣ дар маркази шаҳраки Обикиик оғоз гардида, бунёди бинои нотамоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар деҳаи Сабзазори Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод  бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ва сохтмони бинои иловагӣ (8 синфхона) дар назди муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №29 дар деҳаи  Гулистони Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ  идома  дорад. Мудир, ҳамчунин, дар  хусуси ҷалби мутахассисони ҷавон ба таълимгоҳҳо иттилоъ дода, афзуд, ки соли равон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 45 нафар омӯзгор ба ноҳия ҳозир ва бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ҳамасола шумораи толибилмоне, ки тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олӣ дохил мешаванд, зиёд шуда истодааст.

Соли ҷорӣ 263 нафар хонандаи синфҳои 7-11-и муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври сеюми олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар вилоят ширкат намуда, чор нафар хонандаи синфи 11 ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва як нафар сазовори медали нуқра гардид.

Хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия дар олимпиадаи вилоятӣ соҳиби 52 ҷой, дар олимпиадаи фосилавӣ соҳиби 6 ҷой, олимпиадаи даставӣ соҳиби як ҷой ва олимпиадаи наврасон як ҷой гардиданд. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф ба тарбияи хонандагони соҳиблаёқат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар озмуни гирандагони стипендияҳо чор нафар хонанда ба гирифтани стипендияи Президентӣ, панҷ нафар стипендияи  раиси вилояти Хатлон ва бисту панҷ нафар стипендияи раиси ноҳия мушарраф гардиданд. Дар таълимгоҳҳои ноҳия 646 компютер, 6 проектор ва 3 тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад. Мутаассифона, 78 адад компютер, ки корношояманд, ҳанӯз дар мактабҳо мавҷуданд. Соли гузашта 24 адад компютер харидорӣ шудааст, ки албатта, ин теъдод кам мебошад. 45 муассисаи таълимии ноҳия ба шабакаи интернет тариқи модем пайваст мебошанд. Дар ноҳия аз тарафи падару модарон, омӯзгорон ва шахсони саховатманд ду синф - кабинет (математика ва физика) дар мактабҳои №№17 ва 1 муҷаҳҳазонида шудааст. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» 10 нафар омӯзгор,  57 нафар хонандаи синфҳои болоӣ ва 6 нафар хонандаи синфҳои поёнӣ иштирок намуда, ба даври вилоятӣ роҳхат  гирифтанд. Аз мудир перомуни фаъолияти муассисаҳои томактабӣ пурсон гардидем. Мудир иброз дошт, ки фарогирии кӯдакони синни 3-6- сола  ба муассисаҳои томактабӣ ҳамагӣ 1,9 фоизро ташкил медиҳаду халос.

-Талаботи аҳолӣ ба кӯдакистонҳо хеле зиёд аст, аммо бинобар норасоии ҷой имкони қабули пурраи тарбиягирандагон мавҷуд нест,-мегӯяд С.Олимзода ва меафзояд, ки мувофиқи нақша бояд солҳои 2014-2020 дар ҳудуди ноҳия 12 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ ва 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ бунёд карда шавад. Мутаассифона, дар ин муддат дар ноҳия ягон муассисаи таълимии хусусӣ сохта нашудааст. Айни ҳол сокини ноҳия И.Тағойхонов ҷиҳати бунёди муассисаи таълимии хусусӣ барои 150 нафар тарбиятгиранда  иқдом намудааст. Сохтмони кӯдакистони мазкур соли 2021 ба итмом хоҳад расид. Фаро гирифтани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Соли равон 219 нафар омӯзгор ба курсҳои мазкур ҷалб карда шуданд. Дар масъалаи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба мутахассисони ҷавон» дар ноҳияҳо корҳои назаррасе ба анҷом расонида мешаванд. Соли равон 3 нафар омӯзгори ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ ва 3 нафари дигар соҳиби манзили зист гардиданд.

Бо иқдоми кабинети методии шуъбаи маориф соли ҷорӣ таҷрибаи ду нафар омӯзгори забони  русӣ ва англисӣ омӯхтаву дар ноҳия паҳн карда шуд. Дар масъалаи  тайёру омода намудани мутахассисони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ шуъбаи маориф бо  донишгоҳу донишкадаҳои  ҷумҳурӣ ҳамкории зич дошта, ҳамчунин, ба баргузории ҳафта ва рӯзҳои фаннӣ аз забонҳои русию англисӣ, ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ дар  муассисаҳои  таълимӣ эътибори ҷиддӣ дода, аз ин фанҳо пайваста чорабиниҳои беруназсинфӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Мудир дар хусуси омодагӣ ба фасли зимистон сухан ронда, гуфт, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 368 тонна  ангишт, 1000 м3 ҳезум ва 3000 литр  сӯзишвории дизелӣ захира шудааст.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»

Душанбе-Хуросон-Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш