Маълум, ки масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд беандоза калон мебошад. Агар волидайн аз фарзанди хеш дар оянда умед дошта бошанд, ки донишманд, ҳунарманд, бофаросату некукор гардад, барои тарбияи вай бояд ҷиддан бикӯшанд.
Албатта, фарзанд ба ҳар навъе ки бошад, дар назди волидайн азиз аст. Дар ин хусус Амир Хусрави Деҳлавӣ мегӯяд:
Зода агарчи ҳама хокистар аст,
Сурмаи чашми падару модар аст.
Лекин, ба назари ман, ҳарчанд фарзанд азиз аст, одобу рафтору кирдори вай бояд барои падару модар азизтар бошад. Тавре дар зарбулмасали халқӣ омадааст:“Бача азиз, одобаш аз вай азизтар”.
Падару модар бо фарзанди нек, фармонпазир ва боодоб бояд меҳрубон, дилсӯз бошад.
Ҳаким Фирдавсӣ мефармояд:
Чу фармонпазиранда бошад писар,
Навозанда бояд, ки бошад падар.
Фарзанд низ дар ин сурат бо падару модар, устодон ва аҳли ҷомеа бояд муносибати некбинона дошта бошад. Обрӯи волидайнро нигаҳ дорад. Онҳоро бо кирдорҳои ношоистаи хеш дар хиҷолат намонад, қадри устодонро донад ва аз гуфтаи онҳо берун наояд, ки Шайх Аттор фармуда:
Он кас, ки суханҳои азизон накунад гӯш,
Бисёр бихояд сари ангушти надомат.
Мо – устодон ҳамеша дар тарбияи шогирдон ҷидду ҷаҳд намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, омухтани касбу ҳунар, одобу ахлоқи хамида доштан, бо ҳама сухани ширин гуфтан, меҳрубону дӯстдор, ватандору ватандӯст, бомасъулияту кӯшо будан даъват менамоем.
Ман ҳамчун роҳбари синф барои ба мақсад расидан, дарсҳои кушоди тарбиявиро аз рӯи мавзӯъҳои гуногун, аз қабили: “Сухан дониста гӯй”, “Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам”, “Мо ва ҷомеа”, “Модари меҳрубони ман”, “Инсони комил кист?”, “Дарахти дӯстӣ биншон”, “Наврӯзи Аҷам” бо иштироки падару модарон доир мекунам. Дар охири соатҳои тарбиявӣ ба шогирдон вазифаҳо супорида мешавад ва онҳо иншо, лоиҳаи эҷодӣ менависанд.
Маҷлиси падару модарон низ воситаи дигар барои алоқаи зич ва ҳамкории мутақобилаи роҳбари синф бо падару модар мебошад. Маҷлиси падару модаронро дар охири ҳар як марҳилаи донишомӯзӣ даъват мекунам. Бурду бохти шогирдонро бо падару модарон маълум менамоям. Варақаи пешрафти хонандагонро ба волидонашон медиҳам, то хонда хулоса бароранд. Таъкид мекунам, ки бо фарзандон бо оҳистагӣ, самимӣ ва бо меҳрубониву дилҷӯӣ муносибат карда, барои дарстайёркунии онҳо шароити мусоид муҳайё кунанд.
Тавре мегӯянд: “Садо аз ду даст бармеояд”.
Мамлакат НАҶМИДДИНОВА,
омӯзгори мактаби №26,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр