Нашрияи Омӯзгор

Набояд ғалат гӯему ғалат сабт намоем!

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Чандест, ки баъзе ифодаҳои аз ҷиҳати маънӣ пуч, аз нигоҳи илмӣ беасос, аз қабили «барқ омад, барқ нест, барқро сарфа намоед, пули барқро пардохт кунед, бахусус барқи (?) об» маъмул гаштаанд. Ин гуна гуфтаҳо шояд бо «ибтикор»-и журналистон, тарҷумонҳо ва баъзе тарафдорони аз вожаҳои бегона тоза кардани забони тоҷикӣ, ки аз илмҳои табиатшиносӣ ба қадри кофӣ баҳра наёфтаанд, корбаст шуда бошанд.

Пеш аз ҳама, доир ба барқи об.

Барқ (вожаи арабист) дар адабиёти ниёгон чун тундар ё тундур омадааст. Онро дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ҷилди 1, с.1969, саҳ. 154) чунин шарҳ додаанд:

«Ҳодисаи табиист, ки дар натиҷаи ҳаракати абрҳо ва ба ҳам бар хӯрдани моддаҳои мусбату манфии электрикӣ бо дурахшиш, таркиши пурқуввату бо суръат зуҳур меояд».

  Аввало ба вожаи электрикӣ, дурусташ электрӣ қадре рӯшанӣ андохтанро  раво медонам. Сарчашмаи ин истилоҳ, ки ҳоло байналмилалӣ гардидааст (масалан, ба забони англисӣ elektrocity сабт менамоянду электросити мехононанд, ба лафзи русӣ электричество), моро ба замони куҳан роҳнамун менамояд.

 Дар садаҳои  VI – V пеш аз солшумории ҳозира, яъне зиёда аз 2600 сол муқаддам олими Юнони Қадим Фалеси Милетӣ дар сарчашмаҳои  таърихӣ сабт карда будааст, ки ҳангоми муҳраҳои аз қатрони сангшудаи дарахт сохтаро (онҳо бо мурури замон тира мегарданд) бо мақсади тоза кардан бо матоъи пашмин соиш додан нахҳои мӯй ҷазб мешаванд (шояд ба тоҷикӣ қаҳрабо ном гирифтани қатрон ё  шилми  дарахти сангшуда аз ҳамин ҷо бошад).( Ҳоло ин гуна таҷрибаро ҳар кас шонаи пластмассиро ба мӯй ё ягон матоъ соиш додаву ба коғазпораҳо наздик овардан такрор карда метавонад.)

Олими англис Уилям Гилберт (1544 - 1603) дар рисолааш бо унвони «Дар бораи магнит, моддаҳои магнитӣ, Замин - магнити азимҷусса», ки соли 1600 ба нашр расида будааст, доир ба ҳодисаи мазкур зикр менамояд, ки ҳангоми соишдиҳӣ ба худ ҷазб кардани нахҳои мӯй, чизҳои майда  танҳо хоси қаҳрабо набуда, ба моддаҳои дигар низ нисбат дода мешавад. Уилям Гилберт зиёда аз 20 номгӯй моддаҳои дигар, аз ҷумла, шиша, гӯгирд, квартс, кристалли намаки ошӣ, аксар сангҳои қимматбаҳоро зикр намудааст. Ҳамин буд, ки У. Гилберт ба забони юнонӣ электрон номида шудани қаҳраборо  ба эътибор гирифта, шояд барои гиромидошти кашшофони ҳодисаи зикрёфта онро электрӣ эълон кардааст. Гузашта аз ин, ӯ назарияи аввалини ҳодисаҳои  электрию магнитиро пешниҳод карда буд. Дар ин асос У. Гилберт дар таърихи илмҳои табиатшиносӣ  ҳамчун поягузори соҳаи электромагнитӣ шинохта шудааст.

  Дар ин ҷо бояд таъкид кард, ки ҳоло зарраҳои аз ҷиҳати электрӣ манфии дар таркиби тамоми атому молекулаҳои моддаҳо вуҷуддошта электрон ном гирифтаанд.Электрони атомҳоро олими англис Ҷ.Ҷ. Томсон (1856-1940) кашф кардааст(с. 1897). Маҳз ӯ муқаррар намуд, ки массаи электрон назар ба массаи  атоми сабуктарин – гидроген зиёда аз 1836 маротиб хурдтар аст. Соли 1906 ӯ барои ин кашфиёташ сазовори Ҷоизаи Нобел дониста шуд. Дар ҳар як атоми элементи химиявӣ шумораи электронҳо ба шумораи тартибии ин элемент дар ҷадвали даврии олими рус Д. И. Менделеев (1834-1907) мувофиқ меояд.

 Аҷиб аст, ки электронҳои атомҳо, дар атрофи ядро ё худ ҳастаи ин атомҳо мисли сайёраҳо дар гирди Офтоб аз рӯи мадорҳои муайян бо суръатҳои калон (=106 м/с) гардиш менамоянд. Электронҳои дар мадорҳои болоии атомҳо гардишхӯранда хосиятҳои химиявию физикавии элементро муайян месозанд.

  Масалан, электронҳои ягонаи дар мадорҳои болотарини атомҳои дар сутуни аввали ҷадвали даврии номбурда гардишхӯранда яквалентӣ будани ин атомҳо (аз ҷумла, литий, гелий, мис, нуқра) - ро муайян менамоянд.Ҳамзамон, аксари ин элементҳо ноқилҳои хуби электрианд. Гузашта аз ин, онҳо бо таъсироти начандон зиёд, масалан, бо усули соишдиҳӣ электрони ягонаи мадори болоиро  ба моддаҳои дигар дода, мусбат электрӣ мешаванд: моддаи электронҳои дигар атомро қабул карда манфӣ электрӣ мегарданд.

 Ғайр аз электрон дар таркиби атому молекулаҳо зарраҳои аз ҷиҳати  электрӣ мусбати ба ном протонҳо ва зарраҳои нейтралӣ (бетараф)- нейтронҳо) мавҷуд буданашонро  хотиррасон менамоем. (Аз юн. protos – аввалин, ядрои атоми сабуктарин – гидроген; аз англ. Neutron, лотиниасоси neuter- на ину на он, массаи нейтрон назар ба массаи протон андаке зиёд аст).

 Дар табиат мавҷудияти зарраҳои дигари аз ҷиҳати электрӣ  нейтралӣ – нейтрино (аз итол. нейтронча),  мезонҳо – зарраҳое, ки массаашон назар ба массаи электрон садҳо маротиб зиёд мебошанд, муқаррар карда шудаанд.

Дар илму техника  садҳо истилоҳҳои бо решаи электр таркибёфта, аз қабили электроника, электролиз, электрод, электродинамика, электротехника, электрофорез ва ҳоказо корбаст мешаванд. Ба ин муносибат хотиррасон намудан бамаврид аст, ки чанде аз донишмандон истилоҳи байналмилалии электр ва ё элктриро ба забони тоҷикӣ бегона эълон карда, истилоҳи дар боло ба решаи электр овардаамонро бо барқ иваз намуданро пеш гирифтаанд.

Хонандагони муҳтарам, худ қазоват намоед, ки оё ин навъ тоҷикисозиҳо ба муғлақию таҳрифи маънӣ намеоранд? (Масалан, ба ҷои электрон– барқон, электрод- барқод гуфтан ягон маънӣ доранд?!)

  Акнун доир  ба ҳодисаи маълуми табиӣ – барқ аз нигоҳи илмӣ қадре маълумот оварданро раво медонам.

   Газҳои сабуки атмосферӣ (ёдрас мешавем, 78% - и атмосфераро гази нитроген –N2, 21%- и онро оксиген - O2, O3 ва ҳиссаҳои боқимондаро газҳои дигар, асосан газҳои ба ном инертӣ- неон, аргон, криптон, ксенон, радон ташкил медиҳанд) дар сатҳи Замин гарму васеъ гардида, бо таъсироти қувваи архимедии  ҳатто ба хонандагони синфи VII шинос ба боло то баландиҳои 8-10км мебароянд. Дар ин раванд бо сабаби соишхӯрии байниҳамдигарӣ электрӣ  мешаванд.  Бояд илова кард, ки ба электришавии газу абрҳо афканишоти Офтоб, ба вижа, шуоъҳои ултрабунафши он аз ҳама бештар шуоъҳои кайҳонии асосан аз протонҳои баландэнергия таркибёфта саҳми назаррас доранд.

 Бино ба ақидаи Ибни Сино, барқ шабеҳи паридани оташ вақти сангеро ба санги дигар задан (амали дастгоҳи оташангез, ба лафзи русӣ зажигалка ба ҳамин ҳодиса асос ёфтааст) ё чӯберо бо чӯби дигар соиш додан фурӯзон шудани оташ аст.

Дар ҳоли бо сабабҳои дар боло зикрёфта электришавии газу абрҳо дар онҳо ҷамъ гардидани миқдори электр (ё худ, заряд) дар байни абрҳо ё абрҳову Замин барқзанӣ рӯй медиҳад, ки ҳарчанд кӯтоҳмуддат мебошад (аз сад ҳазор як ҳиссаи сония – 10-5с тӯл мекашад), вале дар ин маврид иқтидоре вусъат меёбад, ки бо иқтидори обхезиҳои харобиовари бо сунами ҷӯршаванда (ин гуна обхезӣ ба наздикӣ дар Индонезия ба вуҷуд омадаву тавассути телевизион оқибатҳои онро намоиш дода буданд) қиёс карда метавонем. Шиддати электрӣ то миллиард - 10-9 волту қувваи ҷараён мавриди барқзанӣ то даҳҳо миллион ампер мерасад, аз ин рӯ, иқтидори барқ то 1016 ватт=107 гигаватт буда метавонад, ки назар ба иқтидори ГЭС-и Роғун (3,6 гигаватт) миллиардҳо маротиба зиёд аст! Аз ин рӯ, ифодаи истифодаи неруи барқ нишонаи сарфаҳм нарафтан ба ҳақиқати ҳол ё худ ноогоҳию бесалоҳиятии гӯянда мебошад.

Бо дарназардошти он, ки барқ ҳодисаи табиатан электрист, ГЭС – ро чун Неругоҳи обии  барқӣ (мухтасар НОБ) пешниҳод намудан хатои маҳз нест. Сифати обӣ дар ин ҷо нишондиҳандаи маводи иҷрокунандаи кор - ба гардиш даровардани агрегатҳо -об мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи барқи об аз нигоҳи илм саҳеҳ нест.

 

Ҳоҷатулло САЪДУЛЛОЗОДА,

номзади илмҳои техникӣ,

дотсенти кафедраи физикаи  

умумии факултаи физикаи ДМТ,

Аълочии маорифи ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш