Нашрияи Омӯзгор

Неруи тавоно ва раҳнамо

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Ҳар давлат дар заминаи қонунҳо ва риояи қотеонаи онҳо амал мекунаду пойдор мемонад. Беҳтарин давлат дар саросари олам давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудааст. Ончунон ки маҷмӯи решаҳо ба як танаи дарахт пайванданд, кулли қонунҳо низ иртиботманд ба қонуни  асосӣ, ки  конститутсия ном дорад, мебошанд.

Конститутсия сарчашмаи қонунҳост ва аз ин рӯ, вожаи сарқонун ва ибораи қонуни асосӣ чун муродифҳои конститутсия пазируфта шудаанд. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо конститутсияи худро дорад, ки он ба қатори муқаддасоти миллат шомил мешавад, аз асоситарин ҳуҷҷатҳои давлатдорист. Тоҷикон дар даврони Шӯравӣ низ конститутсияи худро доштанд, вале он аслан як шохаи Конститутсияи ИҶШС-ро мемонд, ифодагари соҳибихтиёрии Тоҷикистон набуд. Масалан, он аз мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ қатъи назар мекард. Танҳо ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷи-кистон  барои қабули конститутсияи комилу ҳимоятгари давлату миллат ба халқи тоҷик шароити созгор фароҳам овард. Мутаассифона, ихтилофоти дохилии нахустсолҳои соҳибистиқлолӣ қабули конститутсияи навро ба таъхир андохт.  Омили асосӣ барои заминагузорӣ ба таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишварамон гардид. Дар ин иҷлосияи таърихӣ ҳадафҳои асосӣ ва стратегияи Ҳукумати Тоҷикистон ва аз ҷумла, масъалаи таҳияву қабули як қатор санадҳои ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки вобаста ба Истиқлолияти давлатӣ зарурати тағйир додани омилҳои ҳуқуқии ҳаёти аҳли  кишвар ба миён омадааст ва табиист, ки бе таҳия, муҳокима ва қабули конститутсияи нав дигаргунсозии ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ ин кор имконнопазир аст.

Бо  назардошти ин ҳама, охири соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурӣ комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кории махсусро созмон бахшид. Беҳтарин донишварону коршиносон ба ҳайати мазкур ворид гардиданд ва дар давоми бештар аз ду моҳ лоиҳаи ду конститутсия омода ва ба муҳокима пешкаш гардид. Пас аз муҳокимаи ҷиддӣ комиссияи конститутсионӣ он лоиҳаеро, ки  шакли идораи Президентиро ҷонибдорӣ менамуд, маъқул ва сазовори пешбарӣ ба қазовати умумихалқӣ донист. Новобаста аз вазъи муташанниҷи кишвар мардум ба ин ҳуҷҷати муҳим ва раҳнамои асосии ҳуқуқӣ хеле   масъулиятшиносона муносибат карданд ва дар мукаммалсозии он бо мулоҳизоту андешаву пешниҳодоти судманд  ширкат варзиданд. Ниҳоят, 6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистони  соҳибистиқлол ҳодисаи бузургу марҳилавӣ ба вуқӯъ пайваст: аз тариқи раъйпурсии ҳамагонӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо аксари овозҳо қабул гардид. Ин ҳодиса бовару эътимоди мардумро ба роҳбарияти тозаинтихоби мамлакат, ба ояндаи шукуфои кишвар ва ба бартариҳои истиқлол бештар сохт ва ба аҳли мамлакат барои фаъолияти минбаъда  илҳомбахш шуд. Аз ҷониби дигар, конститутсияи нав раванди расидан ба сулҳу ваҳдати комил дар ҷумҳуриро нерую суръат бахшид, барои ба эътидол омадани вазъи  сиёсии мамлакат нақши барҷаста бозид.

Бори дигар собит гардид, ки конститутсия ифодагару ҳомии бахту саодати мардум, ҳидоятгари зиндагии аҳлонаву пурнишот ва неруи тавонои пешбари аҳли кишвар мебошад. Инак, Конститутсияи ҷумҳурии мо 25-сола мешавад ва месазад, ки ин санаи фархунда бо шукӯҳу тантана, бо шукргузорӣ аз шукуфоии Ватани маҳбуб таҷлил карда шавад.

Муҳаббат

Садриддинова,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш