Нашрияи Омӯзгор

Таъмингари ҳаёти осоишта

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистон имрӯз дар саросари ҷаҳон ҳамчун як кишвари озоду соҳибистиқлол, ошёни ваҳдату сулҳу салоҳ ва диёри одамони тараққихоҳу башарпарвар шинохтаву эътироф шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид мебошад ва бо ташаббусҳои созандаву бунёдкоронааш дар ҳалли  бисёр масоили мубрами умумибашарӣ саҳмгузорӣ менамояд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ватанпарваронаи Пешвои миллат кишвари маҳбуби мо давра ба давра ободтар ва нерумандтар мешавад ва қомат рост кардаву бо қадамҳои устувор ба пеш меравад. Ба ин омилҳои гуногун, аз қабили тантанаи сулҳу ваҳдат, болоравии ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии мардум, кӯшишу азми қавии ҳамагонӣ дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва монанди инҳо мусоидат менамоянд. Дар ин росто, яке аз муқаддасоти миллат, нахустҳуҷҷати ҳуқуқии мамлакат-конститутсия нақши хеле муҳим ва меҳварӣ дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба орзуву умед, ормону  хоҳиш ва аҳдофи наҷибонаи халқи тоҷик  таҳия ва қабул гардидааст ва рамзи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ низ мебошад. Ба шарофати конститутсияаш Тоҷикистон бо ҷомеаи тамаддунпарвари ҷаҳон бипайваст ва ҳамчун як кишвари ҳимоятгари манфиатҳои мардум, кишвари сулҳдӯсту осоишта, кишвари ташаббускору дӯстихоҳ шинохта шуд.

Конститутсияи Тоҷикистон барои пойдориву фаъолияти бавусъати ҳокимияти конститутсионӣ, устуворгардии рукнҳои давлатдорӣ ноилгардӣ ба комёбиҳои чашмгири сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ, фароҳамоварии фазои мусоид барои фаъолияти ҳар як  узви ҷомеа, ташаккули ҷомеаи  шаҳрвандӣ… хидмати бағоят пурарзиши намуд ва Ватани азизи моро марҳила ба марҳила пеш бурд. Конститутсия кафолатбахши  рушди озодонаи ҳар фард гардид ва ҳуқуқу  озодиҳои шаҳрвандонро, чун озодии сухан, ошкорбаёнию гуногунандешӣ, матбуоти мустақил, дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ, озодии ирода ҳимоят намуд.

Дар  Конститутсияи Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидааст ва ин баёнгари он мебошад, ки ҷумҳурии мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ заминаи устувору эътимодманд гузоштааст. Вобаста ба ин, аз соли 2004 бо ҳадафи таъмини кафолати ҳуқуқ ба ҳаёт ва мусоидат ба масоили эътирофшудаи байналмилалӣ ва инсондӯстӣ, созгорӣ ба қонунгузории мутамаддини башарӣ дар кишвари мо ҷазои қатл боздошта шудааст.

Ҳамчунин, эҳтиром ба арзишҳои  миллӣ, ормонҳои умумибашарӣ, дастгирии фаъолиятҳои мардумпарастонаву тараққихоҳона, мусоидат ба рушди истеъдодҳо, кафолат ба зиндагии осоишта… аз паҳлуҳои асосиву тафовутманди Конститутсияи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Дар бораи конститутсияи давлати худ  маълумоти комил доштани ҳар як шаҳрванд хеле  муҳим мебошад. Аз ин рӯ, дар таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ дар дарсҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ сохтор, таркиб, таърих, аҳдоф ва мазмуну муҳтавои Конститутсияи Тоҷикистон амиқ омӯхта мешавад. Ҳамчунин, бо ин мақсад мунтазам чорабиниҳои беруназсинфӣ баргузор мегарданд. Конститутсияи мо бахтномаи мо, шаъну шарафи мост ва мо ифтихормандем, ки Конститутсияи Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар саросари ҷаҳон эътироф шудааст.

Сумина Нурбоева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш