Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони ноҳияи Рашт

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси ноҳияи Рашт қаноатшо Лоиқзода бо донишҷӯдухтарони ин ноҳия, ки тибқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

қ. Лоиқзода зимни суханронии худ аз ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ёдовар шуда, аз донишҷӯён даъват кард, ки бештар илму ҳунар омӯзанд. Аз лаҳзаҳои нотакрори ҳаёташон-даврони донишҷӯӣ самаранок истифода бурда, ба китобхонаҳои шаҳр раванд ва ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ бештар машғул шаванд. Ба омӯзиши забонҳо, хусусан, забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар ҳамоиш дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ширкат доштанд. Миёни донишҷӯён ва раиси ноҳия гуфтугӯи судманд ба вуқӯъ пайваст. Дар фарҷом Қаноатшо Лоиқзода донишҷӯёни фаъолро бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш