Нашрияи Омӯзгор

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тӯли мавҷудияти хеш аз пайи ҳалли ормону орзуҳои хеш буд ва ин орзуву омолаш дар дастуру маҷмӯи девону ҳуқуқномаҳо зикр мегардид.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистони Шӯравӣ панҷ маротиба конститутсия қабул шуда буд. Ниҳоят, бо тантанаи Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи мустақили давлатдории хешро муайян ва конститутсияи худро чун  дурнамои  давлатдорӣ қабул намуд.

Дар баробари соҳибис-тиқлол  гардидани  Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарурияти қабули  конститутсияи   нав  ба миён омад, чунки ҷомеа ва давлати мо ба марҳилаи нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар  давраи дигаргуниҳои  куллӣ дар ҳамаи  соҳаҳои ҳаёти  ҷамъиятӣ оғоз гардид.

Қабули конститутсия роҳи таҳкими ҳуқуқии арзишҳои  умумии  демократӣ, самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан пайваста, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, рамзҳои давлатӣ ва шакли  давлатдории Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намуд. 

Мувофиқи муқаррароти  конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва шаҳрвандро  арзиши  олӣ шуморида, аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз намудани онҳо ҳамчун яке аз  асосҳои сохтори  конститутсионии  Тоҷикистон  муқаррар шудааст. Чунки дар ҳазорсолаи нав вазъи ҳуқуқии инсон аз сарҳадҳои миллии давлатҳо берун гардида, ба масъалаи умумибашарӣ табдил ёфтааст. Ҳамин тавр,   қисми марказии конститутсияамонро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд  - дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар  ҳуқуқҳои фитрии инсон  ташкил медиҳад.  Моҳияти ин муқаррароти  конс-титутсия аз он иборат аст, ки  давлат  барои  амалӣ гардидани ҳуқуқу  озодиҳои  шахс  шароит фароҳам  меорад ва барои амалӣ  гардидани онҳо кумаку дастгирии ҳамаҷониба мекунад. Аз ин лиҳоз, дар кадом ҳаҷму мазмун амалӣгардидани ҳуқуқу озодиҳо дар бисёр ҳолатҳо бевосита ба худи шахс,  ташаббус, кӯшишу ғайрат  ва дараҷаи лаёқати касбии худи ӯ вобаста аст.

Бояд  қайд намуд, ки чун дар конститутсия  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва  шаҳрванд  инъикос ёфтаанду кафолат дода шудаанд, татбиқи онҳо  дар қонунҳо ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқие,  ки  қабул мешаванд,   муайян мегардад. Ҳуқуқу  озодиҳои инсон ва шаҳрванд на танҳо бо қонунҳои  миллӣ, инчунин,  ба воситаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз карда мешаванд. Ин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз  ҷумла, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи ҳуқуқи башар, Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Протоколи факултативӣ ба Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва монанди онҳо ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон ва шаҳрванд,  озодиҳои онҳоро дар соҳаҳои  гуногуни ҳаёт эълон  намуда, давлатҳои аъзоро уҳдадор менамоянд, ки  дар қонунҳои  миллӣ ба онҳо кафолат диҳанд.

Мувофиқи  конститутсия давлат ба ҳар кас  қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи  иҷтимоӣ, таҳсил ва молумулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Аз ҷумла,  ҳар шахс ҳаққи зиндагӣ дораду ҳеҷ кас аз ҳаёт  маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷиноятҳои   махсусан вазнин, яъне, ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво  дида намешавад.  

Ба ғайр аз ин,  дар моддаҳои  дигари конститутсия низ ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд  нишон дода шудааст. Ҳуқуқ ба маълумот низ ҳамчун яке аз кафолатҳои конститутсионии шаҳрванд  дар  конститутсия дарҷ гардидааст. Конститутсия барои кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил ба сифати сарчашмаи ҳуқуқӣ баромад кардааст ва дар ин замина як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»,   «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии  таълимӣ» ва боз санадҳои зиёди дигар қонунгузории соҳаи маориф ва илмро ба танзим медароранд. Қонунгузории кишвар дар баробари муқаррар намудани кафолатҳо ба таҳсил, инчунин, барои иҷро накардани меъёрҳои муайяншуда ҷавобгариро пеш-бинӣ намудааст. Мутобиқи моддаи 164 - и Кодекси ҷиноятӣ барои монеъ шудан  ба  гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Ё ин ки тибқи моддаи 174 -и Кодекси ҷиноятӣ барои иҷро накардани уҳдадорӣ вобаста ба тарбияи фарзанди ноболиғ  қонунгузорӣ  ҷавобгарӣ  пешбинӣ намудааст….   

Ҳамин тавр, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар низоми санадҳои меъёрии хуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад,  инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ муқаррар  гардидааст. 

Раҳмонқул  Шарифзода,

профессор,  мушовири адлия (дараҷаи  1),  мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи

маорифи ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш