Халқи тоҷик 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Ин санади таърихӣ, воқеан ҳам, омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳифзи сулҳу субот, оромӣ ва ризоияти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад. 25 сол қабл аз ин, 6-ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конс-титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тақозои пешрафти замон, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ, таъмини рушди босуботи ҷомеа, мусоидат намудан ба тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба моҳияту аҳамияти Конститутсия чунин қайд кардаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».
Боиси зикр аст, ки дар дарозои 25 сол Конститутсия ҳамчун санади роҳнамо ва пойдевори ҳуқуқӣ ҷиҳати бунёду ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумораи панҷ конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Конститутсия баробарии ҳама-ро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки мо бевосита онҳоро дар амал татбиқ намуда, ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунем.
Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе аз бадхоҳону ҳасудони давлати тоҷик он дар талоши онанд, ки аз тариқи расонаҳои гуногуни чопӣ ва интернетӣ тамоми музаффариятҳои ба туфайли конс-титутсия ба даст овардаи халқи тоҷикро маҳкум созанд. Вале халқи мо ҳеҷ гоҳ фирефтаи чунин нотавонбинон намешавад.Албатта, дар чунин ҳолат мо-зиёиёнро зарур аст, ки ба наврасону ҷавонон арзиши давлату миллат ва сулҳу суботи комили кишварро, ки ба воситаи конститутсия ба даст омадааст, ҳар чи возеҳтар фаҳмонем.
Ҷавонон низ дар навбати худ бояд ба ҳар роҳ кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию техникии ноилгардидаи миллатро ҳифз намоянд.
Малика Нисоева,
омӯзгори химия ва биология
Иловакунӣ
Иловакунии фикр