Нашрияи Омӯзгор

Ҳамоиши фарогир

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Ҳамоишҳои  машваратии  ҷониши-нони  директорони  мактабҳои  минтақаи  Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ  ҳамеша бо омодагии ҷиддӣ  ва дар сатҳи  баланд баргузор  мешаванд. Тибқи  анъана дар доираи   ин гуна  ҳамоишҳо, ки дар онҳо аз таълимгоҳҳои  минтақа беш аз чил нафар ҷонишини  директорон ширкат  меварзанд, ҷашнвораву чорабиниҳои  гуногуни  методию адабӣ  баргузор карда мешаванд.

Ҳамоиши машваратии навбатӣ  низ аз  ин ҷиҳат истисно набуд. Дар оғоз роҳбари  ҳамоиш, омӯзгори  варзида Абдуалим Турсунов перомуни  корбасти пурсамари  усулҳои фаъоли  таълим  ва низоми таълими салоҳиятнок бо истифода аз аёниятҳои гуногун суханронӣ  кард. Маърӯзаи ҷонишини директори  мактаби  рақами 115-и  ноҳия Пироншоҳ Саидов дар мавзӯи  «ҳамкорӣ  ва табодули таҷриба байни  ҷонишинони  директорҳо»  таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намуд ва хеле судманд буд. Ҳозирини  ҳамоиш дар конфронси  хонандагони  мактаби  рақами 115, ки ба 400-солагии шоири тавоно Сайидои  Насафӣ  бахшида шуда буд, ширкат варзида, дар фарҷоми  он мулоҳизаҳояшонро иброз доштанд. Барои дар сатҳи баланд баргузор гаштани  ин ҳамоиш ва конфронс сарвари  мактаби  мазкур Н.Насриддинов ва омӯзгори  забону адабиёти  тоҷик Г.Раҳмонова кӯшиши  зиёд ба харҷ доданд.

Файзулло АБДУЛЛОЕВ,

ҷонишини директори мактаби №111-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш