Нашрияи Омӯзгор

Аз афсона то қиссаю роман

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Яке аз василаҳои муҳиму муассир дар тарбияи шогирдон мутолиаи асарҳои бадеӣ ба шумор меравад.

Маҳз хондани ҳикояву афсона, шеъру ҳикоя ва қиссаҳои  ҷолибу  марғуб хонандаи мактабро аз хурдӣ  ба некию накукорӣ, дасти  ёрӣ расондан ба мӯйсафедону пиразанон, ростгӯйию ростқавлӣ, ҳурмату эҳтироми падару модар ва калонсолон, дурӣ ҷустан аз дурӯғгӯию фиребгарӣ, коҳилӣ, дуздӣ ва амсоли ин рафторҳои ношоиста  ҳидоят  мекунад. Албатта, шавқу рағбати хонандагон ба омӯзишу мутолиаи осори  бадеӣ  яксон набуда, ин  шавқро дар  ниҳоди  онҳое, ки танбаланду ба китобхонӣ майли зиёд надоранд, омӯзгор бояд бедор намояд. Барои хонандагон дар синфҳои  поёнӣ мутолиаи  китобҳои  афсонаю  ривоят хеле  бамавқеъ мебошад. Таҳсилоти ибтидоӣ зинаест, ки  хонанда қадамҳои  нахустинро дар самти омӯзишу мутолиа  мениҳад. Аз ин рӯ, дар ин масъала ӯ  набояд зуд  хастаю  дилгир  шавад.

Агар ба шогирдон дар синфҳои 1-4 мутолиаи  «Афсонаҳои халқи тоҷик»-ро пешниҳод намоем, хеле манфиатбахш мешавад. Ба андешаи мо, афсона жанрест, ки дар заминаи  бофтаи  хаёл ва ҷараён гирифтани  воқеаҳои барои  мактаббача  ногаҳонию ғайримунтазира, ки бо ғалабаи  некӣ бар бадӣ анҷом меёбад, хеле ҷолиб, таваҷҷуҳбарангез ва рангину  шавқовар  мебошад. Дар афсона ба ғайр  аз одамон, деву  парӣ, ҷину махлуқҳои  ғароибсурат низ амал мекунанд, ки барои хонандаи синфҳои  поёнӣ аҷибу ҳайратовар ба назар мерасад. Аз ҷумла, ҳангоми  мутолиаи афсонаҳои «Бойи золим ва кали зирак», «Ҳасанак», «Кулӯлабаҳодур», «Эраҷи тилисмшикан», «Нахудӣ ва дев», «Гилеми кабуд» ва ғайра таваҷҷуҳи  хонанда ба инкишофи  воқеаҳои  пурмоҷарову соҳирона, задухӯрдҳо, ғалаба кардани  қаҳрамони  мусбат, маҳв намудани  қувваҳои  бадӣ (дев, аждаҳо, махлуқҳои  бадҳайбат…) зиёд гашта, ба мутолиаи  афсонаю ривоятҳои дигар мароқ пайдо мекунад. Мутолиаи  афсонаю ривоят зинаи  гузариш ба омӯзишу хондани  асарҳои  нисбатан ҷиддию мураккаби бадеӣ  мебошад. Дар синфҳои 5-6 хонанда аллакай барои мутолиаи  ҳикояҳои нависандагони тоҷик ва дунё тайёр аст.

Танҳо ба омӯзгорон зарур аст, ки асарҳоро дар заминаи  синну соли хонанда интихоб ва барои  мутолиа пешниҳод намоянд. Дар акси  ҳол, хонанда аз мутолиаю  омӯзиш дур гашта, баҳонаҳои  зиёд пеш меорад. Ба ин кор роҳ додан лозим нест.

Замира

ТУРСУНХОЛОВА,

омӯзгори  мактаби №9-и ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш