Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғи маърифат

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ки ҳар гуна гурӯҳҳои хатарзову ифротгаро ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвишу таҳлука андохта, кишварҳои Осиёи наздикро ба ҷанг тела медиҳанд, тарбияи насли наврас дар ҷойи аввал меистад. Барои ин бояд робитаи мактабу оила ҷиддан ба роҳ монда шавад.

Аз рӯзҳои нахустини ба мактаб омадани кӯдакону наврасон омӯзгоронро мебояд ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи ҳаматарафа зоҳир  намоянд ва ба пешрафту такомули донишу ҷаҳонбинияшон  мусоидат кунанд. Яъне, дар зинаи аввали таҳсилот шавқу завқи хонандаро ба омӯзиш бедор намудан зарур аст. Шоистаи таъкид аст, ки соли равон бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» роҳандозӣ гардид. Ин ибтикор ба баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанг ва такон бахшидан ба муҳаббати  хонандагон ба мутолиа сабаб мегардад. Ҳамчунин, мо - омӯзгоронро вазифадор мекунад, ки ба китобхонии насли наврас  пайваста таваҷҷуҳ намоем ва шогирдонамонро пайваста ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ҷалб  намоем. Имрӯз раванди баргузории озмун нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи насли наврас ба омӯзиши пайвастаи китоб зиёд гардидааст ва баҳри ба таври шоиста гузаронидани озмун тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Бояд таъкид аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи махсуси озмуни мазкур тартиб дода шуда, асарҳое, ки барои омӯзишу мутолиа пешниҳод гардидаанд, гирд оварда шудаанд.  Рӯзе ба китобхона рафтам ва аз ин толор дидан намудам, ки моломоли хонанда буд ва аз ин ҳол хеле хушҳол гардидам. Маълум мешавад, ки хонандагону донишҷӯён хуб дарк кардаанд, ки калиди ҳамаи мушкилию мураккабиҳо дар зиндагӣ мутолиаи пайвастаи осори бадеиву илмӣ  ба ҳисоб меравад.

Мо, омӯзгорон,  баҳри шавқманд намудани хонандагон дар доираи ҳамин як сол маҳдуд нагардида, сол то сол бояд таблиғу ташвиқи китобхониро вусъат бахшем. Зеро нафаре, ки аз давраи мактабӣ ба мутолиаю омӯзиш ҷалб мегардад, аз як тараф, донишу ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад, аз ҷониби дигар, авзои сиёсии ҷаҳонро зуд дарку маърифат мекунад ва ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротиву тундгаро намеафтад. Ман ҳамчун омӯзгор ба хонандагон бо пешниҳоди порчаҳои ҷолибу пурмуҳтавои китобҳои ба синну солашон мувофиқ шавқу рағбати онҳоро ба мутолиаи осори бадеӣ бедор менамоям.

Хушбахтона, имрӯз дастрас намудани осори бадеии ба синну соли хонандаи мактаб мувофиқ мушкилие надорад, зеро бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар китобҳои зиёди бадеӣ ба нашр расидаанд. Инчунин, рӯйхати асарҳои бадеӣ барои хонадагони ҳамаи синфҳо дар сомонаи Вазорати маориф ва илм ҷой дода шудааст, ки кори  мо – омӯзгоронро осон мекунад.

Аз ин рӯ, моро мебояд масъулиятро дар таълиму тарбияи насли наврас бештар ҳис намуда, барои дар  рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ба камол расондан ва китобхону китобдӯст гардидани шогирдон қувваи худро дареғ надорем.

Анбарой ЮЛДОШЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №86-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш