Нашрияи Омӯзгор

ВМКБ: омодагӣ ба зимистон дар кадом вазъ қарор дорад?

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Омодагии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистон дар кадом вазъ қарор дорад? Ба ин суол муовини сардори раёсати маорифи вилоят Алигавар Алигаваров зимни суҳбати телефонӣ чунин посух дод:

- Дар муассисаҳои таълимии вилоят аз соли гузашта 116,2 тонна ангишт ва 187 м3 ҳезум  боқӣ монда буд. Ҷиҳати захира намудани ангишту ҳезум ва маводи сӯхт соли ҷорӣ 6 миллиону 807 ҳазору 448 сомонӣ ҷудо гардида, тибқи нақша бояд дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят 5364 тонна ангишт, 7780 м3 ҳезум ва 1 тоннаю 300 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шавад. То имрӯз дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят 4950 тонна ангишт, 7233 м3 ҳезум ва 880 литр  сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ 1021 гармкунаки барқӣ ва 3316 бухории аловӣ мавҷуд мебошад. Ҳангоми гузаронидани ҷаласаи Ситоди махсус оид ба вазъи зимистонгузаронӣ бо иштироки раиси вилоят Ёдгор Файзов омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 нокифоя арзёбӣ шуд. Баъд аз санҷишҳои гузаронидаи раёсати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қисми зиёди камбудиҳо ҳалли худро ёфтанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб мавсими омодабош ба зимистон аз моҳи сентябр шурӯъ гардида, то моҳи май идома  меёбад. Тибқи нақша, дар ноҳияи номбурда 1132 тонна ангишт ва 8167 м3 ҳезум бояд захира карда шавад. Раванди санҷиш маълум намуд, ки дар  ноҳия захираи ангишт 86 фоиз ва ҳезум 81 фоиз иҷро шудааст. Дар ноҳияи Дарвоз барои харидории ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ 56 ҳазору 780 сомонӣ ҷудо карда шудааст. То ин дам дар муассисаҳои таълимии ноҳия захираи ангишт ба қадри 92 фоиз ва ҳезум 10 фоиз иҷро шудааст. Дар ноҳияи Ванҷ бошад, ба ҳолати 10 октябри соли ҷорӣ захираи ангишт 85 фоиз ва ҳезум 99 фоизро ташкил медиҳад. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷаи ҳукумати ноҳия 871 ҳазору 753 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Қайд намудан зарур аст, ки соли равон дар ноҳия бинои нави муассисаи таълимии №4 ба истифода дода шудааст, ки он дорои буғхона буда, бо системаи боллерӣ дохили бино ва синфхонаҳо гарм карда мешаванд. Барои пурра таъмин намудани талаботи буғхонаи мактаб маблағ намерасад. То имрӯз муассиса бо ин мақсад 30 тонна ангишт ва 10м3 ҳезум захира намудааст, ки  кифоя нест.  Барои пурра қонеъ гардондани талаботи муассиса 114 тонна ангишт зарур мебошад. Дар ноҳияи Рӯшон барои захира намудани ангишту ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ дар муассисаҳои таълимӣ 985 ҳазору 753 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. 85 фоиз маблағи зикршуда масраф гардида, то санаи 10 октябр захираи ангишт 97 фоиз ва ҳезум 90 фоизро иҷро шудааст. Дар ноҳияи Шуғнон аз 952 ҳазору 809 сомонии ҷудошуда ҷиҳати хариди ангишту ҳезум 80 фоизи он сарф гардидааст. Дар умум, захираи ангишт 95 фоиз ва ҳезум 87 фоиз  таъмин гардидааст. Дар ноҳияи  Роштқалъа тибқи омӯзиш ва таҳлили раёсати рушди иқтисоди вилоят ва  раёсати  маорифи он нақшаи захираи ангишт 91 фоиз ва ҳезум  97 иҷро гардидааст. Аз буҷаи  ҳукумат барои хариди  ангишту ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ 779 ҳазору 531 сомонӣ ҷудо карда шудааст.  Дар ноҳияи Ишкошим барои харидорӣ намудани ангишту ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ тибқи нақша 1 млн. 608 ҳазору 304 сомонӣ пешбинӣ  гардида буд. Ноҳия нақшаи захираи ангишту ҳезумро  ба пуррагӣ иҷро намудааст. Аз сабаби бо неруи барқи доимӣ таъмин будани шаҳри Хоруғ муассисаҳои таълимии шаҳр тавассути гармкунакҳои барқӣ гарм карда мешаванд.

-Раёсати маорифи вилоят ҷараёни омодагии муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоятро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 таҳти назорати қатъӣ қарор додааст,-гуфт дар хотима А.Алигаваров.

Таҳияи

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш