Нашрияи Омӯзгор

Маҳорати касбии омӯзгор такмил мехоҳад

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш  семинар-машварат таҳти унвони «Нақши кабинети методӣ, шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ дар такмили маҳорати касбии омӯзгор» бо ширкати мудирон ва  мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии  вилояти Хатлон дар ноҳияи Вахш доир гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода иброз дошт, ки  пешбурди кори хадамоти методӣ ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва фаъолияти густурдаи кабинетҳои методии шуъбҳои маориф вобастагӣ дорад. Интихоби роҳу равиш ва воситаҳои дурусти ба роҳ мондани корҳои методӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон, аз худ намудани методҳои пешрафтаи таълим, таъмини сифат ва самаранокии раванди таълиму тарбия, баланд рафтани сатҳи дониши хонандагон ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф мусоидат намуда, иҷрои муваффақонаи вазифаҳои хадамоти методиро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин менамояд. Соли равон Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар баробари расондани кумакҳои  саривақтии методӣ, инчунин, теъдоди зиёди адабиёти таълимиро дар ихтиёри кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар қарор дод. Ин имкон фароҳам меоварад,   ки кормандону мутахассисони кабинетҳои методӣ дар амалӣ намудани низоми таълими босалоҳият ва роҳи васеъ пайдо кардани усулҳои нави таълим фаъолияти хешро боз ҳам тақвият бахшанд. Бо таъкиди номбурда, мушкилии асосии шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ дар муҷаҳҳаз набудани кабинетҳои методӣ  аст. Ҳамон вақт кабинети методӣ метавонад пурсамар фаъолият намояд, ки бо технологияи ҳозиразамон таъмин бошад.

Дар семинар Шерафган Маҳмадиев, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш, Мавлуда Атаева, мудири бахши таҳлил ва назорати МҶТМ, Бобоҷон Ҳанифбоев, омӯзгори  собиқадор аз  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷӯрахон Юсуфов, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара, Муҳиддин Зиёев, мутахассис оид ба таҳияи маводи хониш аз рӯйи  лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ( USAID), Бӯрӣ Ҳайдаров, мутахассиси МҶТМ суханронӣ карданд.  Дар кори семинар сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон  Диловар Исозода семинар-машваратро барои боз ҳам ривоҷу равнақ бахшидани фаъолиятҳои кабинетҳои методӣ дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия муҳим арзёбӣ намуд.

Б.Салмон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш