Нашрияи Омӯзгор

Рисолати бузурги волидон

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

 

Дар тарбияи насли наврас натанҳо масъулияти мактабу маориф, балки падару модарон низ басо бузург мебошад. Аз ин рӯ, дар замони ҷаҳонишавӣ  насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд ба камол расонем.

Тарбияи фарзанд дар навбати аввал аз оила шурӯъ мешавад. Агар оила муҳити солим дошта бошад, дар он фарзандони хуб тарбия меёбанд ва дар пешрафту ободии ҷомеа саҳм мегузоранд.

Маҳз баҳри тарбияи насли наврас қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид. Мақсад аз қабули ин қонун пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар рӯҳияи ватандорӣ ба воя расонидани онҳо мебошад. Аз қабули қонуни мазкур 8 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар ҷомеаи Тоҷикистон як зумра дигаргунию тағйирот ба амал омаданд. Имрӯзҳо истифодаи ороишоти қимматбаҳо дар байни хонандагон бо мурур кам гардида, пӯшидани либосҳои расмии мактабӣ ба ҳукми анъана даромад. Кори Ассотсиатсияҳои волидайну омӯзгорон дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Курсҳои машваратӣ оид ба тарбияи кӯдакон барои волидайни ҷавон фаъолияти босамар доранд. Мутаассифона, мушоҳида мешавад, ки имрӯз наврасону ҷавононе низ ҳастанд, ки ба ҷойи иштирок дар дарсҳо ба баъзе корҳои беҳуда машғул мегарданд ва аз таълиму тарбия берун мемонанд.

Бинобар ин, ҷавононро мебояд ба қадри озодию истиқлол ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистони азизамон бирасанд ва дар пойдории сулҳу субот ва рушд намудани ватанамон ҳамвора талош намоянд. Падару модаронро зарур аст, ки фарзандонашонро тарбияи хуб намуда, онҳоро ба омӯзиши илм талқин намоянд.

Мутафаккири барҷаста Муҳам-мади Ғазолӣ гуфтааст: “Фарзанд дар дасти падару модар амонат аст ва дили фарзанд нафису нақшпазир буда, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.

Ҳамин тавр, падару модаронро мебояд ҳушёриро аз даст надода, баҳри тарбияи солими фарзандон кӯшиш намуда, онҳоро дар рӯҳияи донишазхудкуниву ватандӯстӣ ба камол расонанд.

 Адиба Мусулмонова,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш