Нашрияи Омӯзгор

Илоҷи воқеа - пеш аз вуқӯъ

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Аз муҳимтарин масоили муҳими замон, ки метавонад истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро дар кишвар ҳифз кунад, якдилу якмаром шудани мардум аст. Ба назар мерасад, ки бунёди афкори солим дар ҷомеа аз мактаб ва муносибату саводнокии омӯзгорон зиёд вобастагӣ дорад.

Дар муассисаҳои таълимӣ мақсаднок ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, дарсҳои тарбиявӣ, вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа, аҳли илму адаб, намояндагони мақомоти қудратӣ бар суди кор аст. Ин масъала бояд дар мадди назари доимии роҳбарияти мактаб бошад. Хусусан, дар замоне ки дастрасии ҷавонон ба шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ зиёд аст, онҳо бо паст будани сатҳи донишашон зуд фирефтаи ҳар гуна дасисабозӣ шуда метавонанд. Рисолати мо, омӯзгорон, ҳамин аст, ки ҳар чӣ барвақттар андеша намоем, то шогирдонамон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба онҳо бо ҳар роҳу восита фаҳмонем, ки ҳадафи ин гуна гурӯҳҳо ноором сохтани  ҷомеа асту бас. Барои онҳо зумрае аз ҷавонони сода ва ноогоҳро ба гурӯҳҳои хеш шомил намудан кори осон аст. Сарварони ин гурӯҳҳо ҷавонони гумроҳро бовар мекунонанд, ки амали онҳо аз рӯи талаботи дин бар манфиати он аст. Бо ин мақсад ба ҷавонони зудбоварро бо ваъдаҳои ба даст овардани савоби бисёр, дар роҳи ҳақиқат шаҳид шудан, ба биҳишт рафтан ва ғайра фирефта мекунанд. Бояд шогирдони мо дарк кунанд ва донанд, ки маҳз ҳамин гуна ашхос чеҳраи террористро ба намоиш мегузоранд.

Вақте  дар хусуси терроризм ва экстремизм сухан мегӯем, аввал бояд мафҳуми ин ду вожаро шарҳ диҳем. Ин ду калима, ки чанд соли охир вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ба ҳам пайвастагии қавӣ доранд. Экстремизм тундрав ва аз андоза гузаштан аст, ки оқибат ба терроризм оварда мерасонад. Террористон мехоҳанд, ки ҳадафи худро тавассути зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм ба даст оранд. Дигар паҳлуи ин масъала фиреб намудани ҷавонон бо пӯшидани либоси бегона аст. Вақте дар кишвар роҳбарияти давлат ба либосҳои миллӣ ин қадар таваҷҷуҳи зиёд дорад, ба либоси ғайр рӯ овардан чӣ маънӣ дорад? Дар кӯчаву хиёбонҳо симои духтарону бонувони зиёд бо чунин либосҳое, ки хоси миллати тоҷик нестанд, ба назар мерасанд. Ҳол он ки миллати моро бо либосҳои миллии адрас, атлас, попурӣ, чакан ва дигар либосҳои аз бибию бибикалонамон меросмонда мешиносанд.

Мо бояд насли ҷавонро чунон тарбия намоем, ки ғурури тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва нангу номусро фаромӯш накунанд. Мо бояд нагузорем, ки онҳо ба доми фиребу найранги ҳар гуна гурӯҳ афтанд. Ҳушёриву зиракиро аз даст надода, фармудаи бузургонро такрор кардан талаби рӯз аст: “Илоҷи воқеа - пеш аз вуқӯъ”.

 

Мавҷуда ДОСТИЕВА,

омӯзгори

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш