Нашрияи Омӯзгор

Низоми автоматикунонии раванди таълим

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

25-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Низоми автоматикунонии раванди таълим» баргузор гашт.

Дар семинар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Давлатзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ғафурзода ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзиданд.

Зимни сухани ифтитоҳии худ С. Давлатзода иброз дошт, ки семинари имрӯза ба масъалаи татбиқи сиёсати давлат дар соҳаҳои маориф ва илм ва вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба  баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар идома М. Мавлоназаров, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоот дар мавзӯи «Зарурати истифодаи барномаи низоми автоматикунонии раванди таълим» ва М. Ибодуллоев, директори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», оид ба низоми автоматикунонии раванди таълим ва амалияи кор тавассути он суханронӣ карданд. Миёни иштирокдорони семинар оид ба масъалаҳои мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Саймуҳаммади

ИЗЗАТУЛЛО


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш