Нашрияи Омӯзгор

Ҷалби психологҳои касбӣ ба муассисаҳои таълимӣ

Сана: 2019-10-31        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

26 октябри соли ҷорӣ дар мактаби №8-и шаҳри Душанбе семинар-машварат барои психологҳои муассисаҳои таълимии пойтахт баргузор гардид, ки дар он сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Бибиҳафиза Маҷидова, устоди кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Нафиса Юнусова, ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти равоншиносон - машваратчиён ва равондармонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қутбиддин Каримов, декани факултаи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мунира Обидова ширкат варзиданд.

Нафиса Юнусова вобаста ба мавзӯи «Фаъолияти психологҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки соли 1992 Конгресси умумиҷаҳонӣ оид ба саломатӣ Рӯзи умумиҷаҳонии психологҳоро муайян намуд, ки он ҳар сол 10 октябр қайд карда мешавад. Дар Тоҷикистон Рӯзи психологҳо аввалин маротиба 10 октябри соли 2007 бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ёрии психологӣ”  дар Кохи “Ваҳдат”-и  пойтахт расман қайд карда шуд. Дар ҷумҳурӣ соли 1997 Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ёрии психологӣ” (дар назди ДДОТ ба номи Сад-риддин Айнӣ) ва соли 1999 Ассотсиатсияи психологҳои Тоҷикистон (дар назди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис ёфтанд, ки то имрӯз фаъолияти чашмгир доранд.

Бибиҳафиза Маҷидова пешниҳод кард, ки 26 октябр Рӯзи психологҳои ҷумҳурӣ эълон гардида, дар доираи он чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ-иттилоотӣ баргузор карда шаванд.

Мунира Обидова дар мавзӯи «Омода намудани психологони мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди ба даст овардани истиқлол омода намудани психологҳоро дар мактабҳои олии кишвар ба роҳ монд. Аммо бо сабаби ҷудо нашудани воҳиди кории психолог дар муассисаҳои таълимии кишвар аксари хатмкунандагон аз рӯйи ихтисоси худ кор ёфта наметавонистанд. Баъзеи онҳо дар коллеҷу мактабҳои олӣ ба ҳайси омӯзгори фанни психология фаъолият менамуданд.

Раёсати донишгоҳ самти омода намудани мутахассисон ва нақшаҳои таълимии мактабҳои олии дигар кишварҳоро омӯхта, ба хулосае омад, ки бояд илова ба ихтисосҳои амалкунанда ихтисоси нав таъсис дода шавад. Бинобар ин, соли 2015 дар назди факултаи амалкунанда ихтисоси психологияи амалӣ таъсис дода шуд. Минбаъд, соли 2016 бо дастгирии бевоситаи вазири маориф ва илми  ҷумҳурӣ Нуриддин Саид факултаи психология ва таҳсилоти инклюзивӣ кушода шуд. Айни замон дар назди ин факулта 3 кафедраи тахассусӣ амал мекунад, ки аз он 2 кафедра бевосита ба омода намудани мутахассисони соҳаи психология  сару кор доранд. Теъдоди хатмкардаҳо низ сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Муҳаммадалӣ Азизӣ зимни ироаи маърӯза дар мавзӯи «Ҷалби психологҳои касбӣ баҳри беҳбуд бахшидан дар раванди тарбияи хонандагон» иттилоъ дод, ки роҳбарияти сарраёсати маорифи Душанбе  ҷиҳати ҷалби психологҳои касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои пойтахт тариқи Муассисаи давлатии телевизиони “Душанбе HD” эълон намуда,  моҳи феврали соли равон бо хатмкунандагони факултаи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи С. Айнӣ ва кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Сино (24 нафар), Шоҳмансур (15 нафар), Фирдавсӣ (17 нафар), Исмоили Сомонӣ (14 нафар), муассисаҳои тобеи Сарраёсат (16 нафар) ва дар маҷмӯъ, 86 мутахассиси касбӣ ва хатмкунандаи ихтисоси равоншиносӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш