Нуктаҳо аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон
24.10.2019, шаҳри Душанбе
Чорабинии имрӯза, ҳамчунин, ба ҷашни якасраи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои комилҳуқуқи он мебошад, рост меояд.Бо истифода аз фурсат, ҳамаи шуморо ба ин муносибат табрик мегӯям.Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.
***
Дар кишвари мо дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад. Моҳи майи соли 2019-ум 1 миллиону 180 ҳазор нафар ё 51,1 фоизи шумораи умумии аҳолии дорои шуғл дар рӯйхати кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият қарор дошт. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон имрӯз қариб 870 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид мекунанд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бояд фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мувофиқ намуда, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас андешад.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти кишвар, ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави меҳнатӣ, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳандозӣ намудани дигар тадбирҳои иловагӣ соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки раванди муносибатҳои меҳнатӣ бояд бо риоя ва дар доираи ин санад ба танзим дароварда шаванд. Кодекси меҳнат бо мақсади дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ бастани созишнома ва шартномаҳои коллективиро пешбинӣ менамояд. Дар ин росто, Созишномаи генералӣ байни Ҳукумат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён барои солҳои 2018 – 2020 мавриди амал қарор дорад.
Ҳар сол ҷиҳати фарогирии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона 55 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, онҳое, ки дар муассисаҳои давлатии таълимӣ, яъне мактаб - интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти сарпарастӣ ва таъминоти давлат қарор доранд, бо роҳхат ба ин истироҳатгоҳҳо равона карда мешаванд.
Дар ин раванд, ҳар сол дар 1348 истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 164 истироҳатгоҳи меҳнативу истироҳатӣ, 4 истироҳатгоҳи намуди санаторӣ, 83 истироҳатгоҳи фароғативу таълимӣ, 329 истироҳатгоҳи варзишу беҳдоштӣ, 265 мавзеи тандурустӣ, 19 истироҳатгоҳи назди интернатҳо барои кӯдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат истироҳат ва солимии кӯдакону наврасон таъмин карда мешавад.
…Дар масъалаи ташкил ва назорати фаъолияти истироҳатгоҳҳои наврасону кӯдакон ҳоло ҳам мушкилиҳои зиёд ҷой доранд.Дар кишвар шумораи истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии доимамалкунанда ниҳоят кам буда, талаботи кӯдакону наврасон ва падару модарон дар самти фарогирӣ ба таътили тобистона пурра қонеъ гардонида намешавад.Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ доир ба масъалаи дар мавзеъҳои бехавф ва хушбоду ҳаво бунёд намудани истироҳатгоҳҳои замонавӣ барои кӯдакону наврасон ҷораҷӯӣ намоянд.
Мушкилии дигар ин аст, ки қисми зиёди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, ки аз ҳисоби дастгирии марказонидашудаи буҷети давлатӣ фаъолият менамоянд, дар бобати солимгардонии кӯдакону наврасон имконияти маҳдуди молиявӣ доранд.
Илова бар ин, қисми зиёди истироҳатгоҳҳое, ки дар кишвар аз даврони шӯравӣ то ба имрӯз фаъолият доранд, ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд.Бинобар ин, зарур мешуморам, ки як гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода, доир ба ҳолати имрӯзаи чунин муассисаҳо ва зарурати таҷдиди онҳо ба Ҳукумати мамлакат дар муддати 3 моҳ пешниҳод манзур карда шавад.
Масъалаи дигари ҳалталаби соҳаи иттифоқҳои касаба фоизи ками маблағи аз ҳисоби андозҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҷудошуда дар корхонаҳо ба шумор меравад, ки он барои ташкили истироҳату солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо кифоя нест. Бо ҳамин сабаб ва бо дарназардошти болоравии нархи маҳсулот ва хизматрасониҳо, арзиши роҳхатҳо ба санаторияву осоишгоҳҳо ва нокифоя будани маблағҳои ҷудошаванда на ҳамаи кормандон имконияти истироҳат ва табобатро доранд.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба аз рӯйи тарҳи солҳои 1990-ум қабулгардида ба роҳ монда шуда, имрӯз ба тағйироти ҷиддии сифатӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, фаъолияти иттифоқҳои касаба бояд бо дарназардошти имкониятҳои нав ва равандҳои муосири иқтисодӣ таҷдиди назар гардида, нақши онҳо дар рушди афзалиятноки ҳуқуқи инсон, сохтори ташкилӣ ва такмил додани имкониятҳои молиявӣ тақвият дода шавад. Аз ин лиҳоз, ба Федератсияи иттифоқҳои касаба, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки ба хотири рушду тавсеаи минбаъдаи иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди муҳимми ҷомеа, мутобиқ сохтани усулҳои фаъолияти он ба талаботи вақту замон ва равандҳои муосири муносибатҳои ҷамъиятӣ лоиҳаи «Барномаи амали иттифоқҳои касаба барои солҳои 2020–2027 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр