Нашрияи Омӯзгор

Муошират - омили забондонӣ

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Раванди ҷаҳонишавӣ тақозо дорад, ки ба омӯзиши забонҳои  хориҷӣ махсусан, забони англисӣ дар муассисаҳои  таълимӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Дар дарси забони англисӣ бояд бештар  ба ташаккули қобилияти муоширати хонандагон аҳамият дода шавад.

Луғатомӯзи як қисмати муҳими  забономӯзӣ  маҳсуб меёбад.  Омӯзгор қабл аз ҳама, ба хонандагон бояд моҳияти луғатомӯзиро фаҳмонда, шарҳ диҳад, ки калимаи зиёд донистан, нутқи ӯро ташаккул дода, суханронияшро мукаммал менамояд.

Дар ин ҷода таҷрибаи устод М. Ғуломҳайдаров дар муассисаи мо боиси дастгирист. Солҳои 2018-2019 таҷрибаи педагогии муаллим дар мавзӯи «Усулҳои луғатомӯзӣ дар лаҳзаҳои дарс» дар вилоят паҳн карда шуд. Луғатомӯзии муаллим ба шогирдон самараи хубро ба бор овард. Бештари шогирдони ӯ дар аз худ намудани луғат ва шарҳу муқоисаи он бо дигар забонҳо малакаи хубро касб кардаанд.

Устод барои баланд бардоштани фаъолияти педагогии худ   аз рӯзномаю адабиёти дигари иловагӣ мунтазам истифода мекунад.

 

Б. ЛУТФИШОЕВА,

ҷонишини директори мактаби №9-и                   

ноҳияи Шуғнон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш