Нашрияи Омӯзгор

Сарнавишти Ҳардуриён

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Чунонки маълум аст, Осиёи Миёна аз қадим то имрӯз ҷавлонгаҳи қавму қабила ва халқиятҳои гуногунмиллату гуногуннажод мебошад. Ин факти таърихӣ дар чандин асару мақолаи олимони маъруф борҳо таъкид ёфтааст.

Махсусан, аллома Б.Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» аз ақвоми қадимаи яфталиҳою сакоиҳо, юҷиҳою хуннҳои сафед ва амсоли ин, ки ҳама реша аз ҷӯйчаҳои мусаффои нажоди сернуфуси ориёӣ об хӯрдааст, ёд карда, собит месозад, ки ин сарзамин дар вақташ, воқеан сукунатгоҳи кору пайкори ҳамин қавму қабилаҳо буд.Баъд суғдиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо ва дигар тоифаҳо дар ҳавзаи таърихӣ-ҷуғрофӣ сукунат ихтиёр намуда,ба бунёди шаҳру марказҳои фарҳангию маърифатӣ, қасру кӯшкҳои муҳташам, кофтани ҷӯю корезҳо, кушодани замину кишти зироат, парвариши чорвою сабзонидани боғҳо машғул шудаанд.

Дар даврони сомониҳо забони форсӣ-тоҷикӣ тамоми гӯишҳои ҳавзаи Осиёи Миёнаро дар худ мағлуб сохта, бо номи забони порсӣ ё порсии дарӣ рушд кард ва дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт.Албатта, менависад донишманди тоҷик, доктори илмҳои филологӣ,профессор Шамсулло Исмоилов дар пешгуфтори китоби Ғаффор Норбоев бо номи «Сарнавишти ҳардуриён», дар рушду таҳаввули ин забонҳо ҳама қавмҳои форсигӯ саҳм гирифтанд, ки яке аз онҳо ҳамн тоифаи ҳардурӣ буд.

  Номи деҳаи Ғаффор Норбоев Ҳардурӣ аст.Ӯ аз овони мактабхонӣ то ба имрӯз бо шавқи тамом ба омӯзиши фарҳангу суннатҳои аҷдодонаш камар баста буд.Чунки ҳардуриҳо натанҳо дар шаҳру деҳоти ноҳияҳои Бойсун, Деҳнав, Қумқӯрғон, Шӯрчӣ, Сариосиё, Узун ва Тирмизи вилояти Сурхондарё, ҳамчунин дар шаҳру деҳоти ноҳияҳои Деҳқонобод,Ғузор, Қамашӣ, Яккабоғ,Чироқчӣ ва Қаршии вилояти Қашқадарё ва дар Самарқанду Бухорою Тошканд низ умр ба сар мебаранд.

Китоби «Сарнавишти Ҳардуриён» ба тадқиқи вижагиҳои этникӣ,забон, таърих, урфу одат ва суннатҳои тоҷикони ҳардурӣ, ки дар  як ҳавзаи фарохи ҷуғрофии Ҷумҳурии Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд ва аз ватандорони асилу қадимаи ҳамин ҳавзаи ҷуғрофӣ мебошанд, бахшида шудааст.Як боби китоб ба ҳаёту фаъолияти лаҳҷашиноси шинохтаи тоҷик, муаллифи рисолаи «Шеваи ҳардурӣ» Миср Эшниёзов,хизматҳои ӯ дар лаҳҷашиносии тоҷик, назари донишмандони маъруф доир ба шахсияти ин муҳаққиқи варзида ва асари эшон «Шеваи ҳардурӣ», ки аз таълифи он 50 сол сипарӣ мешавад, иртибот мегирад.Дар бобҳои сеюму чаҳоруми китоб намунаҳои чакидаи эҷодкорони ҳардурӣ  ва диалектҳои ин қавм гирд оварда шудаанд.

Албатта, таҳқиқоти шогирдонаи муаллифи «Сарнавишти ҳардуриён» Ғаффор Норбоев низ ба такмил ва таҳрири ҷиддӣ ниёз дорад.

Ба ҳар сурат, китоб барои муаррихони этнограф, шевашиносон, онҳое, ки ба илми диалектология сарукор доранд ва барои оммаи васеи хонандагон писанд хоҳад омад.

 

С.ИСКАНДАРОВ,

узви ИЖТ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш