Ҳангоми омӯзиши мавзӯи «Зараррасонҳо» дар синфи 8 аз фанни зоология ба хонандагон дар хусуси намудҳои зараррасонҳо маълумот медиҳем.
Зараррасонҳои анбор, аз ҷумла, ҳайвоноти зараррасони дон ва маҳсулоти ғалладона мебошанд. Ба ин гурӯҳ канаи анбор, ғамбускҳои анбор, шолӣ, орд, дон, митта, донкуя, мушу калламуш ва ғайра дохил мешаванд, ки ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёни зиёд мерасонанд.
Зараррасонҳои занбӯри асал душманони занбӯри асал, ҳашароте, ки ба занбӯри асал ва хоҷагиҳои занбӯрпарварӣ зарар мерасонанд. Ин муфтхӯрҳо дар оилаи занбӯр зиста, асосан аз маҳсули фаъолияти ҳаётии онҳо ғизо мегиранд. Баъзан муш ҳам ба кандуи асал даромада, лона месозад ва захираи гарди гул, шон ва асалро мехӯрад. Зараррасонҳои ғалладона ҳайвоноти зараррасони дон ва маҳсулоти ғалладона ба ҳисоб мераванд. Ин намуди ҳайвонот ба меваи хушк, сабзавот, ашёи доруворӣ, пуст, тамоку ва ғайра зарар мерасонанд. Ба онҳо тортанакшаклҳо, паранда (кафтару гунҷишкҳо), ҳашарот (гамбусаку шапалакҳо), ширмакҳо (хояандаҳои мушмонанд) ва ғайра мансубанд. Бештар аз 100 намуди зараррасонҳо маълум мебошад. Усулҳои муборизаи зидди муфтхӯрҳо профилактикӣ ва маҳвкунанда мешаванд. Зараррасонҳои ҷангал, ҳайвоноти зараррасони дарахту бутта мебошад. Ба ҷангал баъзе намудҳои кана ва ҳайвоноти муҳрадор (хояндаҳо, аз қабили заргӯшу мушмонандҳо) низ зарар мерасонанд. Ба баргхӯрҳо шапалаки санавбар, абрешимресаки тоқа, канаи себу нок, баргпечаки булут, ширинча, ба шоху танахӯрҳо-гамбусакҳои пустхӯр, чӯбхӯр, тиллочашмак, бинидароз, шапалакҳо ва ғайра дохил мешаванд. Мубориза бо ҳашароти зараррасон чунин сурат мегирад: ҳангоми муборизаи физикаю механикӣ дон ва ярмаи зарардидаро дар мошинҳо тоза мекунанд. Инчунин, аз ҳарорат, вентилятор, шуъоафкании ионизатсионӣ ва ғайра истифода мекунанд. Муборизаи химиявӣ аз дезинфексияи буғӣ, газӣ ва аэрозоми бино, ғалладона ва маҳсулоти он, ба тухмӣ пошидани маводи химиявӣ иборат аст.
Мунаввара Муродова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр