Нашрияи Омӯзгор

Тарбия масъулият мехоҳад

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳри Хоруғ оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо хонандагони мактаб, падару модарони онҳо баргузор гардид. Қайд гардид, ки то ба ин вақт аз ҷониби ноболиғон 4 ҷиноят содир шудааст.

Сардори раёсати маорифи ВМКБ Одинашоҳ Мардов қайд кард, ки дар таълиму тарбияи насли наврас се ниҳод: оила, мактаб ва ҷомеа масъуланд. Соли ҷорӣ аз 392 нафар хатмкарда 116 нафар дар мактабҳои  олии хориҷи кишвар таҳсил доранд.

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш