Нашрияи Омӯзгор

Саноатикунонии босуръат: таърих ва замони муосир

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси вилоятии илмию амалӣ таҳти унвони “Саноатикунонии босуръат: таърих ва замони муосир” бо ширкати муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва устодону донишҷӯён баргузор гашт.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров дар оғоз гуфт, ки ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафти устувори иқтисодиву инкишофи неруи инсонӣ дар меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки дар ин замина бо ҷалби олимону муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои ватанию хориҷӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати кишвар: таърих ва замони муосир” дар донишгоҳ ба роҳ монда шуд.  Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, аз ҷумла, кайд намуд, ки бинобар эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ баҳри тарҳрезии стратегияи сиёсати саноатикунонии кишвар ва ба ин васила, ворид шудан ба сафи кишварҳои саноатӣ, истифодаи неруи зеҳнии олимон конфронси зерин бо эъломияи хеш, баҳри фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагии ҳар як шаҳрванд ва ободу зебо намудани Тоҷикистони азизамон саҳми босазо мегузорад. Баъдан, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмон Қодиров, дар мавзӯи “Ҳадафҳои стратегии иқтисодии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат”, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдулатиф Раҳимов дар масъалаи “Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдумавлон Азимов оид ба “Мавқеи саноатикунонии мамлакат дар рушди босуботи кишвар” маърӯза намуданд.

 

Алишер Раҳмонӣ,

котиби  Маркази

иттилоот ва таҳлили ДДХ  ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш