Нашрияи Омӯзгор

Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилояти Суғд ва олимону мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат намуданд. Нахуст меҳмонон ба дастовардҳои илмию техникӣ ва таҳқиқотии донишҷӯёну олимони ҷавони донишгоҳ шинос гардиданд.

Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода конфронсро оғоз бахшида, оид ба саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва ташаббусҳои байналмилалӣ суханронӣ кард.

Дар бахши ифтитоҳии конфронс ба мавзӯъҳои “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот, амнияти миллӣ ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ”, “Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон аз дидгоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”, “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – посдори таърих ва эҳёгари арзишҳои миллӣ”,“Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳадафҳои Пешвои миллат дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Пешвои миллат ва масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир” баррасӣ шуданд.

Мубодилаи афкор доир ба фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хидматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва густариши давлати навини Тоҷикистон ҳадафи асосии ин анҷумани илмӣ буд. Дар интиҳои бахши пленарӣ барои маърӯзаҳои пурмуҳтаво ба як зумра иштирокдорон Сипоснома ва ба ғолибони озмуни беҳтарин корҳои илмию тадқиқотӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон”, ки донишҷӯёну хонандагони литсейи донишгоҳ буданд, мукофотҳои пуливу туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

Конфронс дар 7 бахш идома ёфт.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш