Нашрияи Омӯзгор

Ҳафтаи чорабинию ҳамоишҳои муҳим

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди маориф баргузор гардид

1 ноябри соли ҷорӣ  таҳти  раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои милли рушди маорифи назди Ҳукумати мамлакат баргузор шуд. Дар он  аъзои Шӯро, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илм иштирок карданд.

Дар ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои «Нақши кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маориф, шӯро ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар такмили маҳорати касбии омӯзгорон» ва «Нақши курсҳои такмили ихтисос дар баландбардории малакаи касбии омӯзгорон: мушкилот ва дурнамо» мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Дар асоси рӯзномаи ҷаласа гузоришҳои директори Маркази таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода ва ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода шунида шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мазкур раиси Шӯрои миллии рушди маориф Азим Иброҳим диққати ҳозиринро ба мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф, аз ҷумла, фаъолияти нокифояи кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шӯро ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки метавонанд дар такмили маҳорати касбии омӯзгорон саҳми муассир гузоранд, ҷалб карда, нақши ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисосро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳар як омӯзгор маҳорату малака ва донишу қобилияти махсусро тақозо карда, барои пурра ҷорӣ кардани таҳсилоти салоҳиятнок такмили ихтисоси мунтазами омӯзгорон зарур мебошад.

Дар ин ҷода, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф тақвияти мавқеъ ва нуфузи омӯзгор дар ҷомеа, истифодаи таҷрибаи пешқадам, ба роҳ мондани усулҳои ҷолибу муосири таълим, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳо, дарёфти роҳҳои нави ҳавасмандгардонӣ, таъмин кардани шароити мусоид барои фаъолияти босамари кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шӯро ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муҳим дониста шуд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарорҳои дахлдор ба анҷом расид

«Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»

8 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» барпо мегардад. Роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»  Каримҷон Салимзода аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ дод, ки шӯрои мазкур  тариқи онлайн баргузор шуда, дар он иштироки роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳо ва созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 25 минтақаи Федератсияи Россия,  намояндагони ҷамъиятҳо аз Қазоқистон ва Қирғизистон дар назар аст.

Мақсад аз баргузории шӯро тақвияти кори маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ташаккули кори маҳфил, баррасии дастоварду музаффариятҳои маҳфил дар соли 2019, натиҷагирӣ аз Анҷумани V маҳфил, ки аз 12 то 16 августи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва омодагӣ ба Шӯрои умумироссиягии маҳфил мебошад, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир мегардад.

Маҳфили  «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфтааст.  Ҳоло  маҳфили мазкур дар 16 давлати дунё  намояндагии худро дорад. Шумораи аъзои маҳфил, ки дар хориҷ аз  мамлакат таҳсил доранд, беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни тоҷик, ки  дар хориҷ аз  ҷумҳурӣ таҳсил доранд, тариқи онлайн (мустақим) дар Шӯрои маҳфил иштирок намуда, аз  мушкилот ва дастовардҳои  донишҷӯёни тоҷик дар давлатҳои хориҷӣ сухан мекунанд.

«Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

Аз 6 то 10 ноябр  даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин,  дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» доир шуд. Дар кори ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён, ҳакамони озмун, коргардонҳо ва гурӯҳи кории озмун иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ҷараёни корҳои омодагӣ ба баргузории даври ҷамъбастӣ ва барномаи консертӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тибқи қарори иштирокдорони ҷаласа 16 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи муҳташами консертӣ  баргузор мешавад.

Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ

дар Душанбе

8-9 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» баргузор мегардад.  Мақсад аз ташкили форум мусоидат намудан ба такмили қобилияти таҳлилӣ ва таҳқиқии ҷавонони муҳассил дар самти сайёҳӣ ва арзёбии андешаҳои онҳо перомуни рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.

Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Созишномаи ҳамкории ДДФСТ

ба номи М. Турсунзода

Дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии «Шарқ-ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маросими ба имзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии санъати мақоми Ӯзбекистон» ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Қабл аз имзои Созишнома ректори донишкада, профессор Хайридин Усмонзода атрофи робитаҳои густурдаи фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстонаи ҳарду давлат маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рӯз ба рӯз рушд ва тавсеа меёбанд.

Мавсуф аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси  соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон олимону мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон саҳми назаррас доранд.

Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

барои 200 нафар кӯдакистон месозад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои 200 нафар тарбиятгиранда кӯдакистон бунёд мекунад. Дар ин бора дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зикр шудааст.

Ба иттилои манбаъ, иншооти нав бо арзиши умумии 4 миллиард сӯм (420 ҳазор доллари ИМА) моҳи сентябри соли 2020 ба истифода дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари давлатии  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Тошканд ва Душанбе созишнома ба имзо расид. Тибқи он Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби таҳсилоти умумӣ ва як бемористони бисёрсоҳавӣ месозад. Дар навбати худ Тоҷикистон дар Ӯзбекистон мактаб ва кӯдакистон бунёд менамояд.

Таҳияи

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш