Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парки технологӣ» 5 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар баъзе муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд.
Бо мақсади аз наздик шинос шудан аз фаъолияти паркҳои технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дидан кардем. Нахуст шиносоиро аз парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оғоз намудем. Бо ин мақсад бо ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои химия С.Холиқов оид ба фаъолияти имрӯзаи парки донишгоҳ суҳбат доштем.
Мавсуф иброз дошт, ки айни замон дар парки технологии донишгоҳ устохонаи таълимии коркарди оҳан, чӯбу тахта, рассомӣ, марказҳои забономӯзӣ, компютерӣ, ихтироъкорони ҷавон, сехи дӯзандагӣ, осоишгоҳи табобатӣ, ошхона ва истироҳатгоҳи таҷрибавӣ – истеҳсолии «Боғи истиқлол» фаъолият мекунад. Бо мақсади баланд бардоштани завқи донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм, парки технологии донишгоҳ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Бояд қайд намуд, ки донишҷӯёни мо ба озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ ” 6 лоиҳаи илмӣ пешниҳод намуда, ғолиб шуданд ва ба ифтихорномаҳои ВМИ ҶТ қадрдонӣ гаштанд. Баъдан бо директори парки технологии донишгоҳ Э. Саидамиров ҳамсуҳбат шудем. Ӯ дар бораи фаъолияти парки донишгоҳ иттилоъ дод, ки дар парки технологӣ 4 нафар корманд фаъолият дошта, барояшон тамоми шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст. Бояд қайд кард, ки имрӯз самти фаъолияти парки технологии донишгоҳ барои беҳбудӣ бахшидан ба кори таълиму тарбия дар донишгоҳ нигаронида шуда, танҳо барои пешбурди баъзе корҳои хоҷагии дохилии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Дар устохонаи таълимии коркарди оҳан дастгоҳҳои пармакунӣ, харротӣ, кафшери барқӣ ва суфтакунӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯёни факултаҳои физика, информатика ва математика дар он таҷрибаомӯзии таълимии худро мегузаронанд.
Устохонаи таълимии коркарди чӯбу тахта барои таъминоти донишгоҳ бо мизу курсиҳо ва таъмиру тармими ашёҳои хониши донишгоҳ хизмат мекунад. Дар соли хониши 2017-2018 донишҷӯён дар вақти таҷрибаи истеҳсолии худро гузаронидан, зиёда аз 780 адад мизу курсиро аз нав таъмир карданд.
Дар Маркази таъмири таҷҳизоти компютерҳо 2 нафар корманди доимӣ фаъолият дошта, тибқи шартнома хизмати мизоҷонро иҷро мекунанд.Аз тарафи дигар, донишҷӯёни факултаҳои физика, математика ва информатика мунтазам барои таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда мешаванд ва маҳорату малакаи касбии худро баланд мебардоранд. Маркази хизматрасонии компютерӣ барои чопи реклама, расмбардорӣ, таъмири компютерҳо дар худи донишгоҳ ва муассисаҳои гирду атроф хизмат мерасонад.Кабинети таълимии дӯзандагӣ дорои 10 адад мошинаи дарздӯзӣ буда, дар ин ҷо устоди донишгоҳ Бунафша Мирзоева ба донишҷӯён нозукиҳои касби дӯзандагиро меомӯзонад.
Бояд қайд кард, ки ба вуҷуди дастовардҳои муайяни илмӣ, робитаи илм бо истеҳсолот, воридшавии инноватсия дар низоми илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушди илмҳое, ки ба пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунанд, ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз дар донишгоҳ боқӣ мондааст. Имрӯз он ихтирооте, ки аз тарафи устодону донишҷӯён ба даст омадааст, дар рӯи коғаз мондааст. Барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани ин кашфиёту ихтироот маблағ ва сарпараст лозим аст. Мутаассифона, донишгоҳ чунин шароити молиявию сарпарастро надорад. Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, мегӯяд, ки дастовардҳои илмӣ-техникӣ, лоиҳаҳои инноватсионии устодону донишҷӯёни мо хеле зиёд ҳастанд, ки аз тарафи масъулин қадршиносӣ гаштаанд, вале барои дар истеҳсолоту ба роҳ мондани чанд намуди маҳсулот, ба мондани доруи “Дармон”, намаки “Экстра” ё “Лаблабучой” ва ғайра проблемаҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки барои амалӣ намудани он садди роҳ мешаванд. Чунин корхонаю ташкилоте, ки моро дастгирӣ намояд, то имрӯз ёфт нашудааст. Вале устодону донишҷӯёни мо аз ин рӯҳафтода нашуда, талош доранд, ки бо маблағи худӣ дар парки технологии донишгоҳ истеҳсоли доруи “Дармон”, “Лаблабучой” ва намаки “Экстра”-ро ба роҳ монанд. Аммо як омили дигаре ҳаст, ки монеи дар истеҳсолот татбиқ намудани лоиҳаҳои навоварию эъҷодкорӣ мегардад. Ин пардохти андоз мебошад.
Имрӯз Парки технологии донишгоҳ тамоми шароитро дорад, ки дар сехи дӯзандагии худ ба тариқи шартнома истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ (чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва ғайраро ба роҳ монанд. Донишгоҳ дар майдони 5 га боғи таҷрибавӣ бунёд намудааст, ки дарахтони мевадораш ба ҳосил омаданд ва нақша дорем, ки истеҳсоли афшураи мева ва шарбати онро ба роҳ монем. Дар назди парки технологии донишгоҳ, осоишгоҳи табобатӣ ташкил карда шудааст, ки аз ҳуҷраҳои оббозӣ, маҳси обӣ, физиотерапевтӣ, электромассаж ва ғайра иборат буда, устодону донишҷӯён он ҷо табобат мегиранд. Соли гузашта осоишгоҳ аз ҳисоби маблағи табобати беморон ба хазинаи донишгоҳ 17800 сомонӣ фоида овардааст. Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб фаъолияти парки технологӣ дар шакли Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ) ё ба тариқи “Озмоишгоҳҳои таълимӣ-илмӣ, истеҳсолӣ ва инноватсионӣ” таъсис дода шудааст. Низомномаи озмоишгоҳ соли 2012 дар Шӯрои олимони донишкада тасдиқ гардида, дар 8 самти асосӣ (технологияи консервакунонӣ, технологияи маҳсулоти нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ, заргарӣ, корҳои сохтмонӣ, васлгарӣ дӯзандагӣ, технологияи растаниҳои шифобахш ва омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва кор бо компютер) фаъолият мекунад. Дар озмоишгоҳ 12 нафар мутахассис фаъолият доранд. Озмоишгоҳи донишкада бо якчанд муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ва корхонаҳои саноатӣ шартномаи ҳамкориҳо баста, барои рушди истеҳсолот фаъолият менамояд. Директори донишкада А. Ниёзӣ гуфт, ки озмоишгоҳи донишкада дар муқоиса бо дигар намудҳои парк, бо мақсади гузаронидани таҳқиқоти зиёди илмӣ кадрҳои баландихтисосро ҷалб кардаанд. Дар соли таҳсили 2017-2018 аз ҷониби олимони донишкада 5 лоиҳаи илмӣ-инноватсионӣ барои маблағгузорӣ пешниҳод гадидааст.
Бояд қайд кард, ки дар парки технологӣ, инчунин, сехҳои дӯзандагӣ, адрасбофӣ, заргарӣ ва озмоишгоҳҳои мухандисӣ-технологӣ, тарроҳӣ, био-технологӣ ва озмоишгоҳи ташхисӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ фаъолият доранд, ки донишҷӯён илмҳои назариявии худро ба таври амалӣ татбиқ менамоянд.
Дар фаъолияти паркҳои технологии ду мактаби олии касбии Кӯлоб як қатор проблемаҳое мавҷуд ҳастанд, ки ба рушду нумӯи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки андозбандии паркҳои технологӣ аз нав коркард шавад ва ба фаъолияти илмӣ-истеҳсолии паркҳои технологӣ ҳангоми андозбандӣ имтиёз муқаррар намоянд. Ҳамчунин, агар бонкҳои ҷумҳурӣ барои рушду нумӯи фаъолияти истеҳсолӣ-илмии паркҳои технологӣ қарзҳои имтёзноки дарозмӯҳлат ҷудо кунанд, фаъолияти онҳо рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард. Аз тарафи дигар агар механизми иҷрои қонун роҷеъ ба фаъолияти бонизоми паркҳои технологӣ коркард шавад, боиси пешравии фаъолияти паркҳо мегардад.
Шариф АБДУЛҲАМИД, “Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр