Нашрияи Омӯзгор

Ҳимоятгари манфиатҳои аҳли ҷомеа

Сана: 2019-11-05        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Ба қабули муҳимтарин  санади  ҳуқуқии  кишвари  маҳбубамон  - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чаҳоряк аср, яъне 25 сол пур шуд. Дар ин давра санади мазкур баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, муайянсозии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, заминагузорӣ ба таҳияи санадҳои дигари ҳуқуқии  ҷумҳурӣ, муаррифии  кишварамон ба ҷомеаи  ҷаҳонӣ  корҳои зиёдеро сомон бахшид.

Маълум, ки  конститутсия  дар низоми  давлатдории  ҳар як  давлат  мавқею аҳамият ва мартабаю моҳияти махсус дорад.  Конститутсияи ҷумҳурии мо ҳамчун  қонуни  асосии  давлати  мустақилу  озод ва узви  баробарҳуқуқи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  дар қатори  конститутсияҳои давлатҳои  пешрафтаю мутараққии  дунё фарогири  тамоми  манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои  инсон мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистон, албатта, аз ҳама конститутсияҳое, ки дар даврони  Иттиҳоди Шӯравӣ  дар ҷумҳуриамон  қабул шуда буданд,  фарқияти ҷиддӣ  дорад ва муҳимтарини  ин фарқият дар он аст, ки  ин санади асосии  давлатдорӣ  бори  аввал дар таърихи  миллат Тоҷикистонро ҷумҳурии мустақилу соҳибихтиёр эълон намуд. Ин конститутсия, ки  дар радифи  панҷ конститутсияи беҳтарину демократитарини  ҷаҳон эътироф шудааст, ба меҳнати осоишта машғул шуданро ҳамчун ҳуқуқи  шаҳрвандон муқаррар намуда, сиёсати  барои тарафайн  манфиатовар  ва сулҳҷӯёнаро бо дигар давлатҳо  муайян сохт, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазо ва олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии  давлатӣ эълон гардид ва корбурди  босамари  онҳоро ба манфиати  мардуми Тоҷикистон  кафолат дод. Моҳияти муҳимтарини Конститутсияи Тоҷикистон  дар гуфтаи  зерини  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода ёфтааст: «Конститутсия ба сифати  қонуни олӣ  заминаҳои  ҳуқуқии  пешрафти  ҷомеаро аз тариқи  қабули  қонунҳои  нав гузошта, муносибатҳои  ҷамъиятии  мухталифро таҳти танзим  қарор медиҳад». Ҳамчунин, зимни чанде аз суханрониҳояшон  бахшида ба масоили  умдатарини давлату давлатдорӣ  Пешвои миллат батакрор зикр намудаанд, ки конститутсия халқро дар Тоҷикистон баёнгари  соҳибихтиёрӣ  ва сарчашмаи  ягонаи  ҳокимияти  давлатӣ ҳисобида, муқаррар намуд, ки  халқ иродаи хешро метавонад бевосита ё ба воситаи  вакилонаш амалӣ намояд. Дар конститутсия ба мақоми забони давлатии Тоҷикистон, рамзҳои  давлатӣ, пойтахти Тоҷикистон  ва дигар соҳаҳои  ҳаёти  ҷамъиятӣ ва идораи  давлатӣ  аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Мо, тоҷикон, аз Конститутсияи кишвари маҳбубамон, ки чун бахтномаву раҳнамо, ҳидоятгари миллат тавсиф мешавад, ифтихормандем. Кайҳо  собит  шудааст, ки мақому манзалати қонун дар давлатҳои  демократии  ҳуқуқбунёд хеле муҳим буда, риояву  эҳтироми  он шарти асосии  таъминсозии  рушди  ҷомеа маҳсуб меёбад.  Таъмини  волоияти  қонун  ва тартиботи  ҳуқуқӣ ба хотири  танзими ҳуқуқии  муносибатҳои  ҷамъиятӣ ва риояи  ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва шаҳрванд аз ҷониби  мақомоту сохторҳои  дахлдор амалӣ  карда мешавад. Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун  қонуни асосӣ ва бунёдии мамлакат  дар шумори  муқаддасоти  миллат ҷой дорад ва ҳамеша чунин хоҳад монд.

 

Мафтуна КОМИЛОВА,

омӯзгори  забон ва адабиёти  коллеҷи  муҳандисӣ - омӯзгории

ноҳияи Ҷаббор Расулов

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш