Нашрияи Омӯзгор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими дипломатияи ҷаҳонии об

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

 

Об ҳаёт аст

Об ҳамчун муъҷиза бо арзиши худ дар тамоми ҷаҳон ҳокимиятеро соҳиб аст, ки онро ягон сарвати табиии дигар надорад. Ин ҳокимияти об барои зиндагист ва ин ҳукмро ҳар як мавҷуди зинда бидуни инкор мепазирад. Аз ин ҷиҳат гуфтан нашояд, ки об барои ҳаёт муҳиму зарур аст, балки  об худ ҳаёт аст. Талабот ба оби ошомиданӣ масъалаест, ки ҳеҷ гоҳ дар як ҳолати мутавозин қарор намегирад ва ҳеҷ гоҳ ин талабот кам нагашта, баръакс, ҳатто ба таври рӯзмарра эҳтиёҷот ба он меафзояд. Аз рӯи нишондоду омӯзишҳои ниҳодҳои СММ имрӯз 85 фоизи аҳолии сайёра дар минтақаҳои гарму хушктарин зиндагӣ мекунанд, ки эҳтиёҷоту талаботи бештар ба об доранд. Имрӯз омӯхта шудааст ва исбот гардидааст, ки дар сурати наандешидани чораҳо дар соли 2030 зиёда аз 5 миллиард нафар одам ба танқисии об мувоҷеҳ мешаванд.  2-3 даҳсола баъд аҳолии сайёра се миллиард нафар зиёд мешавад. Бо назардошти ин омил, имрӯз ҷомеаи башарӣ бояд  аз муносибатҳои байналмилалии оянда андеша намояд, ки он чӣ гуна ташаккул ёфта метавонад. Таҳдиди мушкилоти обро бояд аз имрӯз андеша кард ва бо назардошти ҳамин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об ва дипломатияи обиро ба як раванди муҳими муносибатҳои байналмилалӣ табдил дода тавонистанд.

Бидуни муҳобот гуфтан мумкин аст, ки баҳсу низоъҳои вобаста ба об ҳамчун як хатари  ҷиддӣ дар даҳсолаҳои оянда ба маротиб шиддат ёфта метавонад. Таҳаввулоти демографӣ ба ин омил бештар мусоидат карда метавонад. Инкишофи босуръати демографӣ дар нуқтаҳои гарму хатарзое ба монанди Африқо, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аллакай борҳо дар саҳифаҳои расонаҳои дохиливу хориҷӣ зикр шудаанд. Дар давлатҳои осиёиву африқоӣ (Туркия, Ироқ, Сурия, Исроил, Урдун, Лубнон, Фаластин Урдун, Миср, Ҳабашистон, Судон, Камбоҷа, Лаос, Тайланд, Ветнам ва ғ.) барои дарёҳои алоҳида баҳсу ихтилофҳо солҳо боз вуҷуд доранд ва он чун як ҳолату авзои хатардошта боқӣ мемонад. Як навъ баҳсҳои нимаошкору пасипардагӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт ва дорад. Мушкилот ва буҳрони оби ошомиданӣ ба таркиби демографӣ дар тамоми ҷаҳон  таъсир мерасонад. Зеро норасоии об ба муҳоҷирати васеи одамон аз як нуқта ба нуқтаи дигар мусоидат мекунад, ки ин ҷараён хеле мураккаб хоҳад буд.

Дипломатияи об дар заминаҳои хоси таърихӣ дар оянда ба як сиёсати бузург табдил хоҳад ёфт. Дар давоми 50 соли охир 150 созишномаи  ҳамкорӣ дар соҳаи об дар байни кишварҳо баста шудаанд ва таҷрибаҳо собит намудаанд, ки ин созишҳо ба фоидаи коранд ва тавсиаи ин созишномаҳо бояд давомдор бошанд. Дипломатияи об собит сохтааст, ки низоъҳо барои об ҳеҷ гоҳ бо роҳи зӯриву тасаллут роҳи ҳал ёфта наметавонанд. Зеро дар миён масъалаи об аст ва мағлубияти як ҷониб дар ин муноқишаҳо маънии нобудиву ҳалокату шумораи зиёди одамонро дорад. Дар ҷаҳон 240 дарёи сарҳадгузар вуҷуд дорад, ки аз онҳо сокинони зиёда аз 170 кишвар истифода мебаранд. Ин ҷиҳат паҳлуҳои нозукро фарогир аст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як шахсияти дурбин бо дарки амиқи масъалаи мазкур дар оғози даҳсолаи дуюми аср пешниҳод намуда буданд, ки самаранок истифода бурдани об бояд дар асоси равобиту ҳамгироиҳо ҷараён ёбад. Ин пешниҳод ҷонибдорӣ ёфт ва Маҷмааи Умумии СММ  соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намуд.

Кишвари ташаббускор

Ҳанӯз соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ иброз дошта буданд, ки  бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаҳои оби тоза ҷиддӣ гардад. Бо ин асос бо тасмими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози асри нав барои аҳли башар ҳадафҳои стратегии ниҳоят муҳиму нав пешниҳод гардидааст. Ин пешниҳодотро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуд. Тоҷикистон имрӯз диққати ҷаҳониёнро ба масъалае ҷалб карда тавонистааст, ки он ба ҳаёту зиндагии ҳаррӯзаи инсон робита дорад. Ҳамин аст, ки чор ташаббуси пешниҳоднамудаи Тоҷикистон – соли 2003 - Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005 - 2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ҳамчун масъалаҳои ҳаётан муҳими сокинони сайёра аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ якдилона қабул гардидаанд. Ташаббуси чоруми Тоҷикистон аҳамияти дипломатияи обро дар ҷаҳони муосир боз ҳам амиқтар собит карда тавонист. Боиси ифтихор аст, ки 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи об бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оғоз пазируфт. Ин рӯйдоди таърихӣ агар дар навбати аввал як бахши муҳими ҳаёти башарро фаро гирад, аз ҷониби дигар, мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ мебошад, ки нақши густурдаи кишвари моро дар ҳалли як масъалаи ҳаётан муҳими аҳли башар бозгӯ менамояд.

Душанбе - маркази дипломатияи об

Тоҷикистон маркази дипломатияи об ба ҳисоб рафта метавонад. Дар ин масъала шаҳри Душанбе саҳнаи бузурги баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналхалқӣ дар ҳаллу фасл ва муҳокимаи ин масъалаи ҳаётан муҳими аҳли башар эътироф гардидааст. Конфронси байналмилалии оби тоза (ш.Душанбе, 29.08.2003 - 01.09.2003), Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ дар робита ба обанборҳои дарёҳои фаромарзӣ (ш.Душанбе, 30.05.2005 – 01.06.2005), Конфронси байналмилалӣ доир ба масъалаи коҳиш додани офатҳои табиии вобаста ба об (ш.Душанбе, 27.06.2008 – 29.06.2008), Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об (ш.Душанбе, 20-21.08.2013),  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 – 2015 (ш.Душанбе, 09-11.06.2015), Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (ш.Душанбе, 20-21.06.2018) ва  Конфронси дуввуми сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки моҳи июни соли 2020 дар шаҳри  Душанбе ба нақша гирифта шудааст,  далели бидуни баҳс дар мавриди маркази дипломатияи обӣ эътироф гардидани Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳақиқат, Тоҷикистон маркази дипломатияи об пазируфта шудааст ва он давомдор хоҳад буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки «…ҳарчанд кишвари мо дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои обии Осиёи Марказӣ  қарор гирифта бошад ҳам, аз масъалаи глобалии танқисии об худро канор гирифта наметавонад.» Ба андешаи инҷониб, ин гуфта намунаи баланди гумманизм ва дипломатия дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта метавонад. Ҷои инкор нест, ки Тоҷикистон манбаи аслии оби тоза мебошад ва дар қиёс бо аксар кишварҳои зиёди Осиё ва Африқо ин як сарвати бебаҳои мост. Боз ҳам маҳбубият ва ҷавонмардиву инсондӯстии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чандин маротиба ба таври ошкор баён кардаанд, ки «…мо ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳо ва кишварҳои поёнобро ба мушкилоти норасоии об мувоҷеҳ намесозем.» Ин таъбир маънии онро дорад, ки набояд масъалаи норасоии об ба фишанги  таҳдиду низоъ ва мухолифату ҷудоӣ табдил дода шавад. Баръакс, ҳамкориву ҳамгироӣ ва ҳамдигарфаҳмиву равобит кафолати раҳоӣ аз буҳронҳои таҳдидкунанда аст.

Энергияи сабз

Имрӯз мафҳуми «Энергияи сабз» дар ҷомеаи башарӣ як навъ воситаи муколамаи созгор ба ҳисоб меравад. Ифодаи «Энергияи сабз» ба он ишора дорад, ки инсоният бояд барои талаботи энергетикии худ ба сарчашмаву манбаъҳои безарар рӯ оварад.  Хурсандибахш аст, ки Тоҷикистон дар радифи шаш кишвари пешсафи сайёра дар самти  истеҳсоли ин навъи энергияи безарар қарор дорад. Тавре маълум аст, ҳаҷми умумии истеҳсоли ин навъи энергия дар ҷумҳурии мо 98%-ро ташкил медиҳад. Ин ҷабҳаро низ Тоҷикистон ба намунаи олии дипломатияи об табдил додааст. Дар ҷараёни кушодашавӣ ва баистифодадиҳии ду агрегати НБО-и Роғун даҳҳо намояндагони расонаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат намуда, татбиқи ин лоиҳаи муҳиму безарару манфиатбахшро   мусбат баҳогузорӣ карданд. Пажӯҳиши мутахассисон нишон медиҳад, ки истифодаи сӣ дар сади захирахои обӣ кифоя аст, ки Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикиро соҳиб гардад ва илова бар ин,  солона ба маблағи зиёда аз 2 миллиард доллар неруи барқро содирот намояд. Лоиҳаҳои татбиқшаванда имкон ба вуҷуд меоваранд, ки обҳо як андоза захира гардида, миллионҳо гектар замин обёрӣ карда шаванд.

Эътирофи тасмимҳои Тоҷикистон

Тоҷикистон бо тасмимҳои худ тавонистааст, ки шинохтатарин кишварҳоро ба масъалаи ҳалли мушкилоти оби тоза ҷалб намояд ва ин иқдоми кишвари мо муҷиби тасмимҳову иқдомҳои нави онҳо гаштааст. Аз ҷумла, 18 сентябр дар ҷаҳон ҳамчун  «Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об» таҷлил карда мешавад, ки заминаи он ба соли 2003 рост меояд. Фонди оби тозаи Америка, ин  санаи экологиро маҳз дар соли 2003 бо мақсади ҳифзи обанборҳо аз ифлосшавӣ эълон намудааст. Соли 2003 бошад, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон «Соли оби тоза» эълон гардида буд. Хушоянд аст, ки пешниҳоду тасмимҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва тарғиб карда мешаванд. Махсусан, дар мамолики арабӣ тасмимҳои Сарвари давлати мо ҷонибдории амиқ пайдо кардааст.  Дар такя ба маълумоти манбаъҳо чунин бармеояд, ки дар соли 2013 нашриёти «Ас-Саҳор»-и шаҳри Қоҳира - пойтахти Миср китоби «Тоҷикистон: дипломатияи об»-ро бо забони арабӣ нашр кардааст. Ин китоб маҷмӯи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об фаро гирифтааст. Дар он ба ташаббусҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаи об ва истифодаи оқилонаи он баҳои баланд дода мешавад. Бояд гуфт, ки нашри ин китоб ҳанӯз дар арафаи анҷомёбии ташаббуси сеюми Тоҷикистон сурат гирифта буд ва маҳз бовариву эътимоди мардуми сайёра аст, ки ташаббуси чорум низ дар СММ ҷонибдории якдилона ёфт.

Чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як сиёсатмадори ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ диққату таваҷҷуҳи аҳли башарро ба як масъалаи ниҳоят муҳим ҷалб намуда тавонистанд.

Муҳаммадюсуф Имомзода,

ректори Донишгоҳи

миллии Тоҷикистон, академик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш