Ноҳияи Роштқалъа аз қадим бо варзишгарони варзидаи худ дар кишвар маълуму машҳур аст.
Варзишгарони клуби Ояма-каратэ-Годзю рю-и ноҳия дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони аз 7 то 13-сола дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чор медалро соҳиб шуданд.Қурбонсултон Алидодова дар мусобиқаи кумита ва шобу соҳиби медали тилло ва биринҷӣ гардид. Юсуф Мародбеков дар вазни 30 кило аз рӯйи намуди кумите-иригуми-дзю медали тилло ва Муиз Яздоншоев дар вазни 40 кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.
Шогирдони мураббии соҳибсалиқа Хушомади Алидод тайи чанд сол дар мусобиқаҳои кишвар ба натиҷаҳои назаррас соҳиб мешаванд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр