Нашрияи Омӯзгор

То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ!

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши  хат ва забону санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо кардаанд, ки дар рӯи санг чӯб,  сафол, барги дарахтон, устухонҳо ва пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, ба мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид.

Акнун бо ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебурданд. Китоб асосан навиштаҷоти варақаҳои  ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигоҳдории  маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шуданд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.

Дар Аврупо низ хатти аввалин дар пӯсти гов навишта шудааст. Асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт.

Осори классикон тавассути китоб то замони мо расида, олами тафаккури мардумро мисли нур равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб  рафиқи ҷонии инсон аст. Халқи тоҷик аз шумораи  он халқҳост, ки ба китобу китобдорӣ  эътиқоди хосса дорад. То пазируфтани дини ислом ва истилои арабҳо низ аҷдодони мо анъанаи хуби китобнависӣ доштанд.

Аз он давра ёдгориҳои хаттие мисли «Авесто» «Ёдгории Зарирон», «Дарахти ассурик» боқӣ мондааст.

Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб, бе ғизои маънавӣ зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ, «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст».

То кунун ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдорию сухансозӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриёту чопхонаҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида,  ҳамчун  неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузашта мешавад. Бале, китоб ганҷи бебаҳо, беҳтарин дӯсти хушсухан, азизтарин дарккунандаи ғамҳо дар лаҳзаҳои танҳоӣ, маъруфтарин насиҳатгари роҳи рости ҳаёт, қулфкушои ҷаҳони илму андеша ва маданияту маърифат мебошад.

Мо бояд ба қадру қимати ин ганҷинаи бебаҳо ва кони илму маърифат бирасем. Ҳар як китобе, ки  ба даст меорем, бояд бодиққат хонем, то ки чизе аз ҳар як саҳифаи он гирифта тавонем.

Хулоса, дӯстии байни мо ва китоб ҳеҷ гоҳ аз байн бояд наравад.

Момогул Ёрова,

омӯзгор-мураббии мактаб-

интернати №2, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш