Нашрияи Омӯзгор

Мавзӯи ҷолиб

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 955        Шарҳ: 0

 

Дар китоби «Забони модарӣ» барои синфи 3 (Душанбе, Маориф, 2017) мавзӯи дарсии «Меваю сабзавоти Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.

Мавзӯи мазкур хеле ҷолиб буда, ҳангоми баёни он омӯзгор метавонад аз робитаи байни фанҳо ва усули муқоисавӣ самаранок истифода кунад. Аз ҷумла, ҳангоми баргузории дарси аввал, ки «Мева» номгузорӣ шудааст,  ҳар як сархатро хонандагон қироат мекунанду бо кумаки омӯзгор нақл ва маънидод менамоянд. Дар оғози матн дар бораи себ маълумот дода мешавад. Маълум аст, ки себ меваи сероб, хушхӯр, ширин буда, таркибаш аз витаминҳои В.С. бой аст. Себ барои саломатӣ фоидавор буда, хунро тоза ва зиёд мекунад. Ҳамин тавр, дар  бораи анору нок ва ангур иттилоъ дода, хусусиятҳои шифобахшии онҳо, аз қабили аз байн бурдани бемориҳои чашм, асаб, хунукзадагӣ ва офтобзадагӣ ба хонандагон фаҳмонда мешавад. Дар хусуси сабзавот ва истеъмоли он сухан ронда, қайд мекунем, ки анвои гуногуни сабзавот дорои моддаҳои ғизоии бисёре буда, бештар витамини С доранд. Истеъмоли сабзавот имкон медиҳад, ки миқдори хӯрокҳои серсафеда (аз ҷумла, гӯшт) кам карда шавад, Дар ин  радиф сир (сирпиёз) ва пиёз низ бо аҳамияти ғизоияшон маълуму маъруфанд. Дар ҷаҳон тақрибан 400 навъи пиёз мавҷуд аст. Ба хонандагон супориши дар китоб  овардашуда пешниҳод мешавад.

1.Меваҳои Тоҷикистонро номбар кунед. Бо онҳо аввал ибора, баъд ҷумла созед. Намуна: Себи сурх, себи зард, себи сабз, себи ширин, себи турш, себи хубонӣ, себи тиллоӣ…

Ҷумла: Ранги себи хубонӣ сурх аст.

2.Сабзавоти Тоҷикистонро номбар кунед. Бо онҳо аввал ибора, баъд ҷумла созед.

Намуна: Сабзии сурх, сабзии зард, сабзии ширин. Аз сабзии сурх ҳар гуна хӯриш тайёр мекунанд.

Имлои «худамро месанҷам».

Сипас, аз рӯйи намуна, бахшида ба ҷашни Меҳргон хонандагон иншои хурд менависанд.

Ба хонандагон шарҳ медиҳам, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ иди Меҳргон таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин ҷашни тирамоҳӣ дар мактаби мо низ дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

Саломат Ҷобирова,

омӯзгори мактаби №123,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш