Нашрияи Омӯзгор

Ганҷинаи сухан

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Зарбулмасалу мақол дар байни шаклҳои адабиёти шифоҳии миллатҳои олам ҷойгоҳи хос дорад. Мазмун ва мундариҷаи ҳамаи он зарбулмасалҳоро тарбияи маънавии инсон, аз қабили касб кардани хислатҳои ҳамида, дур будан аз ҷаҳолату нодонӣ, кору кӯшиш, дӯстпарварӣ ва ғайра  ташкил медиҳад. Омӯзонидани мақсадноки ин жанри ибратбахш ҷаҳони андешаи шогирдонро фарох ва завқи онҳоро ба маърифатандӯзӣ зиёд мекунад. Омӯзгороне, ки ду забон - тоҷикӣ ва русиро медонанд, дар роҳи таълиму тарбия муваффақтар хоҳанд буд. Зеро онҳо дар дарсҳо метавонанд, муродифҳои тоҷикиву русии зарбулмасалҳоро истифода баранд. Дар сурати набудани муродифи зарбулмасалҳо онҳоро огоҳона ва дар як қолаби мавзун тарҷума карда, ба хонанда фаҳмондан бар манфиати кор аст. Масалан:

Аз чумчуқ тарсӣ, арзан накор.

Умри дурӯғ кӯтоҳ аст.

Ганҷ нагир, китоб гир.

Дӯсти хуб ганҷ аст.

Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ метавонанд дар ҳар як дарс вобаста ба мавзӯъ аз зарбулмасалҳо истифода баранд. Ин усули кор якчанд манфиат дорад. Аввал, бо азбар кардани як зарбулмасал кӯдак забон меомӯзад, сониян, ҷаҳони маънавӣ ва ҷаҳонбинияш васеъ мегардад. Азбаски мақсади асосии мактаб саводнок ва худшинос кардани шогирдон аст, аз ин шеваи омӯзиш кор гирифтан бис-ёр судманд аст. Як зарбулмасал маънои як ҳикоя ва ё ривоятро дорад. Дар адабиёти бадеии халқҳои тоҷику рус бисёр асарҳое ҳастанд, ки хусусияти тамсилӣ доранд. Он тамсилҳо ҳатман бо ҳикмат ва ё панду андарзе ҷамъбаст шудаанд. Ба андешаи мо, гурӯҳбандӣ кардани зарбулмасалҳо дар хубтар дарк кардани хусусият ва моҳияти онҳо ҳамчун калиди гиреҳкушо хизмат мекунад. Дар лавҳа ва варақҳои рангаи алоҳида аввал зарбулмасал ва мақолҳои ба хислату рафтори инсон хос бударо менависем:

Аз бекор – Худо безор.

Мағрур – аз ҷамоат дур.

Ҷони нодон дар азоб

Баъд зарбулмасалҳои ба фаслҳои сол ва парандагону ҳайвонот дахлдоштаро дар варақҳо дарҷ мекунем:

Як рӯзи баҳор, пур кунад анбор

Дар шиками гунҷишк чарбу нест.

Дар бобати дарк кардани мазмун ва моҳияти зарбулмасалу мақолҳо, хусусан, барои синфҳои ибтидоӣ такроран хондану навиштан бисёр судманд аст. Инчунин, дар ин роҳ аз асбобҳои аёнии техникӣ ва роёна истифода бурдан ҳам таъсиргузор мебошад.

 

Рита Дӯстмуродова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

литсейи инноватсионии

“Душанбе”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш